Дар Тоҷикистон 160 гектар замини нав аз худ шуда, 73 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид

Октябрь 29, 2023 14:32

ДУШАНБЕ, 29.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 160 гектар замини нав аз худ шуда, 73 гектар замин аз ҳисоби заминҳои боир ва холимонда ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Соли равон дар доираи Барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 9600 гектар замин ба маблағи 10 млн сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар 9 моҳи соли равон аз ҷониби идораҳои зертобеи Агентӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маблағи 9 млн сомонӣ (90 фоизи нақшаи солона) корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонида шуда, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 7204 гектар заминҳо беҳтар шудаанд.

Вобаста ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар айни замон дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барномаҳои давлатии соҳавии «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023», «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» мавриди амал қарор доранд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023 «Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи 28,9 млн сомонӣ ба дарозии 19 ҳазору 700 метр (104 фоизи нақша) корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуданд.

Дар доираи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» соли равон бояд дар ҷумҳурӣ 1547 гектар заминҳои нав, аз ҷумла 97 гектар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 1200 гектар дар вилояти Суғд, 100 гектар вилояти Хатлон ва 150 гектар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ азхуд карда, 480 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, аз ҷумла 80 гектар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 300 га дар вилояти Суғд ва 100 га дар вилояти Хатлон бояд барқарор карда шаванд. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ асосан дар вилояти Суғд 160 гектар замини нав азхуд карда шуда, аз ҳисоби заминҳои боир ва холимонда 73 гектар, аз ҷумла 12 гектар дар вилояти Суғд ва 61 гектар дар вилояти Хатлон заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 вобаста ба самаранок истифода бурдани обу замин таъкид намуданд, ки «дар доираи супоришҳои додашуда таҷрибаи кишоварзони мамлакат вобаста ба маданияти заминдорӣ, бахусус дар кишти такрорӣ ва гирифтани ҳосили иловагӣ беҳтар гардида, майдони кишти заминҳои такрорӣ дар панҷ соли охир аз 90 ҳазор гектар ба 213 ҳазор гектар расид. Бо вуҷуди ин имконот дар самти самаранок истифода бурдани обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва ҳосилнокии зироат то ҳол пурра истифода нашудаанд ва чунин вазъ аз роҳбарону масъулин андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд».

«Аз ин лиҳоз, роҳбарону мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд»,- тазаккур доданд Сарвари давлат.

Тибқи маълумот, 85 фоизи заминҳои корами ҷумҳурӣ обёрӣ мешаванд ва беш аз 90 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ аз ин ҳисоб таъмин мегардад.

Дар баробари ин, истифодаи зиёда аз 40 фоизи заминҳои обёришаванда аз кори пойгоҳҳои обкашӣ вобаста мебошад.

«Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», ки моҳи июни соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ қабул гардид, барои таъмини фаъолияти устувори низоми обтаъминкунӣ дар минтақаи обёрии мошинӣ ва дар ин замина пешгирии хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзӣ дар масоҳати 99 ҳазор гектар ва ҳамзамон барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар пойгоҳҳои обкашӣ ва зеристгоҳҳои барқӣ ва хатти интиқоли барқ мусоидат менамояд.

Барои дастгирии соҳа дар назди Агентӣ се лоиҳаи сармоягузорӣ- «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон», «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» ва Лоиҳаи «Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш» татбиқ шуда истодаанд, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таъмиру барқарорсозии иншооти обёрӣ ва инфрасохтори он равона шудаанд.

Вазифаҳои муҳимтарини Агентӣ барои семоҳаи чорум- ин бо муваффақият ҷамъбаст намудани соли хоҷагии 2023, таъмини иҷрои нақшаҳои азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои тирамоҳию зимистонӣ ҷиҳати ба мавсими нави обдиҳии соли 2024 омодасозии шабакаҳои обёрӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки замин боигарии асосии мамлакат аст ва фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ аз беҳтар будани ҳолати мелиоративии заминҳо вобаста мебошад.

Самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, азхудкунии заминҳои нав ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии мамлакат таъсири бевосита мерасонад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2023 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати давлат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда дорад
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста аст. Шарҳи коршинос дар ин маврид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Челонро барои мубориза бо шамолхӯрӣ ва баланд бардоштани масуният тавсия медиҳанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфа нишонаи дигар бемориҳо низ мебошад
ЯХОБМОНӢ-ЗАХИРАИ НАМӢ БАРОИ СОЛИ ОЯНДА. Ин тадбири муҳим дар Тоҷикистон аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад
НОРАСОИИ НЕРУИ БАРҚ-МУШКИЛИИ МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ. Сабаби асосии он тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ ВАҲДАТОФАР. Андешаҳои вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба таъсиси ҳизб
Ҳунарманди муҳрабоф Заррина Сайфиддинова бо маблағи гранти президентӣ маркази омӯзишӣ таъсис медиҳад
Бо масъулони соҳаи молия ва андоз дар шаҳри Бохтар ҷаласа баргузор шуд
Панелҳои офтобӣ дар таъмини энергияи «сабз» чӣ аҳамият доранд?
Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2025-2030» татбиқ мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми ҷаҳонӣ оид ба истифодаи маълумот барои таҳкими чораҳои зиддикоррупсионӣ иштирок намуд