Дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амал менамояд

Октябрь 12, 2023 17:42

ДУШАНБЕ, 12.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Тоҷикистон 82 ададро ташкил медиҳад, ки маблағи умумии онҳо 49,11 миллиард сомонӣ мебошад. Аз инҳо 50 лоиҳаи грантӣ, 4 лоиҳаи қарзӣ ва 28 лоиҳа дар ҳаммаблағгузорӣ аз қарз ва грант иборат мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии самроягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар таркиби маҷмуи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 33,0 миллиард сомонӣ ё 67,1 фоиз, маблағҳои қарзӣ 14,6 миллиард сомонӣ ё 29,7 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,3 миллиард сомонӣ  ё 2,6 фоиз, инчунин дигар сарчашмаҳо ҳастанд.

Аз ҷумла, саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо ва ғайра 62,2 миллион сомонӣ ё 0,1 фоизро ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда аз оғози татбиқ 21,4 миллиард сомонӣ маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз худ гардидаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 12, 2023 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст