Дар вилояти Хатлон 11 446 нафар занон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Саҳми занон дар соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон назаррас буда, шумораи саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба 162 000 нафар мерасад, ки 11 446 нафарашон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз ҳамагӣ 23 540 нафар буда, аз инҳо 2654 нафар бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 1160 нафар бо шаҳодатнома дар низоми махсус, 7445 нафар бо патент, 835 нафар чун роҳбари шахсони ҳуқуқӣ ва 11 446 нафар ҳамчун роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ фаъолият менамоянд.
Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилояти Хатлон чашмрас буда, дар соҳаи кишоварзӣ 162 034 нафар ва ҳамчун роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 11 446 нафар кор менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






