Дар вилояти Суғд Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ оғоз шуд

Октябрь 14, 2023 09:20

ДУШАНБЕ, 14.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар Чемпионат, ки байни ҷавонони аз 18 то 20 сола баргузор мешавад, варзишгарон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Русия, Беларус, Гурҷистон, Украина,  Молдова,  Туркия, Руминия, Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон, Замбия, Колумбия, Нигерия, Миср ва Марокаш иштирок доранд.

Ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот супорида мешаванд.

14 октябр ғолибон муайян карда мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 14, 2023 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид