Дастаи ҷудои Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар Португалия иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 01.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 7 октябр дар шаҳри Одивелоси Португалия дар доираи «World Judo Tour» Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он 9 варзишгари тоҷик иштирок менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар Португалия Тоҷикистонро Фазлиддин Садриддинзода (-66кг), Абубакр Шеров (73кг), Муҳиддин Асадуллоев (73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (81кг), Сайфидин Сайфидинзода (81кг), Сомонӣ Кишваров (90кг), Умедҷон Раҷабов (90кг), Парвиз Абдураҳмонов (100кг) ва Иброҳимҷон Элмуродов (100кг) муаррифӣ менамоянд.
Дар мусобиқа иштироки 582 варзишгар аз 75 давлати ҷаҳон дар назар аст.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






