ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ноҳияи Фархор пурра иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳудуди комендатураи сарҳадии қисми низомии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар маркази ноҳияи Фархор маросими гусели наваскарон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо инъикоси воқеии руҳияи хештанншиносию ватанапарварӣ баргузор гардид. Фазои муносиби чорабинӣ, ки аз симои дурахшону пурифтихори даъватшавандагону волидони онҳо ҷило медод, баёнгари ин ҳақиқат аст, ки ҳар нафари онҳо имрӯз бо амри дилу муҳаббат ба марзу буми Тоҷикистон, роҳи хизматро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат интихоб намудаас. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор хабар доданд.
Ташаббуси ихтиёран ҳозир шудани ҷавонписарон ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор барои адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, далели он аст, ки имрӯз ҷавонони ноҳия аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ менамоянд.
Иштирокчиёни чорабинӣ таъкид намуданд, ки ягон монеаи сунъӣ ва унсурҳои бегона наметавонанд садди роҳи ҷавонписарони бонангу номуси ноҳияи Фархор гардад, зеро ҷавонони диловар ва таҳамтани ноҳия бо азму иродаи қавӣ ва шикастнопазир ин ташаббусро пеш гирифтаанд. Дар қатори дигар ҷавонписарони даъватшуда, инчунин фарзандони кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва дигар корхонаву идораҳои давлатӣ худихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил гардиданд.
Ҳимояи неъматҳои муқаддас чун озодиву Истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи ҳар фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ буда, ҷавонписарон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро чун нишонаи олии шарафмандӣ, мактаби матонату мардонагӣ ва далерию боҳимматӣ меҳисобанд.
Падару модарони даъватшавандагон мутмаъинанд, ки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватани азизамон фарзандони воқеан бовиқору ҷасур ва ватандӯстро тарбия намудаанд, ки барои адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ омода мебошанд.
Барзиёд иҷро гардидани нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввали чорабинӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷавонони ноҳияи Фархор дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихии имрӯза, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, эҳсоси муқаддаси ҳимояи хоки Ватанро болотар аз ҳама арзишҳо гузошта, омодагии хешро баҳри ҳифзи сарзамини аҷдодӣ нишод доданд.
Чун анъана, ҳамасола ба ҷавононе, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро дар ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия хатм намуданд, дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Ҳамзамон, баҳри хушу хотирмон гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ барномаи рангини консертии аҳли фарҳанги ноҳияи Фархор бо суруду таронаҳои дилошӯб ва ватандӯстона пешкаш гардид, ки ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Артиши миллӣ ҳусну таровати хоса бахшид.
АКС: АМИТ «Ховар»











Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






