ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ноҳияи Фархор пурра иҷро гардид

Октябрь 1, 2023 16:52

ДУШАНБЕ, 01.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳудуди комендатураи сарҳадии қисми низомии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар маркази ноҳияи Фархор маросими гусели наваскарон дар ноҳияи Фархори вилояти  Хатлон бо инъикоси воқеии руҳияи хештанншиносию ватанапарварӣ баргузор гардид. Фазои муносиби чорабинӣ, ки аз симои дурахшону пурифтихори даъватшавандагону волидони онҳо ҷило медод, баёнгари ин ҳақиқат аст, ки ҳар нафари онҳо имрӯз бо амри дилу муҳаббат ба марзу буми Тоҷикистон, роҳи хизматро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат интихоб намудаас. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор хабар доданд.

Ташаббуси ихтиёран ҳозир шудани ҷавонписарон ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор барои адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, далели он аст, ки имрӯз ҷавонони ноҳия аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ менамоянд.

Иштирокчиёни чорабинӣ таъкид намуданд, ки ягон монеаи сунъӣ ва унсурҳои бегона наметавонанд садди роҳи ҷавонписарони бонангу номуси ноҳияи Фархор гардад, зеро ҷавонони диловар ва таҳамтани ноҳия бо азму иродаи қавӣ ва шикастнопазир ин ташаббусро пеш гирифтаанд. Дар қатори дигар ҷавонписарони даъватшуда, инчунин фарзандони кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва дигар корхонаву идораҳои давлатӣ худихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил гардиданд.

Ҳимояи неъматҳои муқаддас чун озодиву Истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи ҳар фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ буда, ҷавонписарон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро чун нишонаи олии шарафмандӣ, мактаби матонату мардонагӣ ва далерию боҳимматӣ меҳисобанд.

Падару модарони даъватшавандагон мутмаъинанд, ки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватани азизамон фарзандони воқеан бовиқору ҷасур ва ватандӯстро тарбия намудаанд, ки барои адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ омода мебошанд.

Барзиёд иҷро гардидани нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввали чорабинӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷавонони ноҳияи Фархор дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихии имрӯза, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, эҳсоси муқаддаси ҳимояи хоки Ватанро болотар аз ҳама арзишҳо гузошта, омодагии хешро баҳри ҳифзи сарзамини аҷдодӣ нишод доданд.

Чун анъана, ҳамасола ба ҷавононе, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро дар ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия хатм намуданд, дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Ҳамзамон, баҳри хушу хотирмон гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ барномаи рангини консертии аҳли фарҳанги ноҳияи Фархор бо суруду таронаҳои дилошӯб ва ватандӯстона пешкаш гардид, ки ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Артиши миллӣ ҳусну таровати хоса бахшид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2023 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МУШКИЛОТИ МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ФАЗОИ АВРУОСИЁ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар бораи татбиқи Низоми ҳифзшудаи муқоисавӣ ба имзо расид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия Шартнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба имзо расид
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Бахшида ба Рӯзи кормандони ҳифзи сирри давлатӣ озмоишгоҳи ҳифзи техникии иттилоот ва бахши хизматрасонии техникӣ ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Фарғона мулоқоти роҳбарони хадамоти махсуси Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Бо мақсади таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Даъвати баҳорӣ ба Артиши миллӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ идома дорад
Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад