Давоми солҳои 2007-2023 дар соҳаи маорифи Тоҷикистон 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амал намуда, 16 лоиҳа пурра анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон дар заминаи татбиқи барномаҳои гуногуни давлативу сармоягузорӣ дастовардҳои назаррас рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, давоми солҳои 2007-2023 дар соҳаи маориф дар доираи 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо саҳми Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд 422 миллион доллари амрикоӣ ҷалб шуда, татбиқи 16 лоиҳа ба маблағи умумии 212 доллари амрикоӣ пурра ба анҷом расидааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамзамон бо назардошти таъсири амиқи неруи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба ин масъала дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар мамлакат ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.
Тибқи маълумот, агар дар соли таҳсили 1991-1992 шумораи хонандагон дар мамлакат 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод, ин рақам дар соли таҳсили 2022 — 2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ қариб 1 миллион нафар зиёд мебошад.
Бо назардошти ин раванд ва мутобиқ сохтани сатҳу сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба меъёрҳои муосир ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии онҳо Ҳукумати мамлакат баробари афзоиш додани маблағгузории давлатӣ ҳамзамон дар доираи густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои пешрафт ва таҳкими заминаҳои соҳа ҷалби сармоягузориро низ бештар намуд.
Бояд таъкид намуд, ки соли 2022 танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2021 706 миллион сомонӣ ё 11,3 фоиз зиёд буда, 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Соли 2023 барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2022 14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро дар бар мегирад.
Ҷалб ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар баробари истифода аз имконоту иқтидорҳои худӣ маҳз бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва мутобиқ сохтани инфрасохтори бахшҳои муҳими давлатдорӣ ба талаботи муосир мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд ва корҳо дар ин самт босуръат идома доранд.
Тибқи маълумот, имрӯзҳо дар доираи ҳамкории судманду созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар соҳаи маориф татбиқи 6 лоиҳа, аз ҷумла Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон», Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4», Лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф», Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ», Лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон» ва Лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ» бо ҷалби 210 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор доранд.
Ҳамчунин соли 2023 татбиқи «Лоиҳаи муҳити таълим, асоси таълимоти босифат» барои солҳои 2023-2028 бо ҷалби 50 миллион доллари амрикоӣ оғоз меёбад.
Татбиқ ва мавриди амал қарор гирифтани ин лоиҳаҳо дар марҳилаҳои муайян имкон медиҳад, ки инфрасохтори соҳаи маориф таҳким бахшида шавад ва раванди таълиму тарбияи наврасону ҷавонон боз ҳам беҳтар гардад. Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ — августи соли 2023 дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунанда дар соҳаи маориф дар асоси иҷрои нақшаҳои молиявӣ 18,4 миллион доллари он амалӣ шудааст.
Ҳамкории судманду самарабахш бо шарикони рушд дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сохтмону навсозӣ ва муҷаҳҳазнамоии иншооти соҳаи маориф сол аз сол густариш меёбад. Ин раванд ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон такони ҷиддӣ мебахшад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳсилоти томактабӣ дар мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф эътироф гардида, бо мақсади фароҳамсозии шароити беҳтари таълиму тарбияи наврасон дар кӯдакистонҳо баробари афзоиш додани маблағгузории давлатӣ ба ин самт, ҳамчунин дар доираи ҳамкории самарабахш бо шарикони рушд тадбирҳои муҳим амалӣ шуданд.
Дар ин давра бо мақсади беҳтар намудани сатҳи фарогирии кӯдакону наврасон ба тарбияи томактабӣ бо амалинамоии нақшаву барномаҳои мукаммали давлатию сармоягузорӣ шумораи кӯдакистонҳои типи нав дар мамлакат рӯ ба афзоиш овард ва имконоти фарогирии насли наврас ба таълим бамаротиб беҳтар шуд.
Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон», ки дар доираи ҳамкории Ҳукумати мамлакат бо Бонки ҷаҳонӣ бо ҷалби 73 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегардад, идомаи амалисозии тадбирҳои судманд дар самти боз ҳам беҳтар намудани сатҳи таълиму тарбияи наврасон мебошад.
Татбиқи ин лоиҳа аз соли 2020 оғоз гардида, хизматрасонии соҳаи тандурустӣ ва таҳсилоти томактабӣ тавассути такмил додани ин низомро дар бар мегирад. Ба андешаи масъулон, аз оғози татбиқи лоиҳа 17,6 миллион доллар аз худ карда шуда, дар ин замина дар доираи ҳадафҳои пешбинигардида якчанд корҳо ба анҷом расонда шудааст.
Соли 2023 ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда ба ҳолати 1 октябр 7 миллион долларро ташкил додааст, ки ба 98 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои самаранок гардондани раванди таълиму тарбияи насли ояндасози миллат тадбирҳои гуногуни судманду самарбахш андешида, мавриди амал қарор додааст. Бунёд, таъмир ва муҷаҳҳазсозии биноҳои таълимӣ дар доираи амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба пешрафти ин соҳаи афзалиятнок такон мебахшад.
Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4», ки татбиқи он аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» идома дорад, масоили беҳтар намудани сатҳ ва рушди таҳсилоти умумӣ тавассути сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳо дар якчанд шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Ҳаҷми умумии сармоя дар доираи ин лоиҳа 35,6 миллион долларро ташкил медиҳад, ки қарзи Фондии саудии рушд ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муҳлати амалишавии лоиҳа солҳои 2017 — 2023-ро дар бар гирифта, то имрӯз 34,2 миллион доллар аз худ шудааст, ки ба 96 фоизи сармояи умумӣ баробар аст. Лоиҳаи мазкур имконияти бо ҷои нишаст фаро гирифтани зиёда аз 27 ҳазор (27000) хонанда дар ду бастро доро мебошад ва то имрӯз дар доираи он 21 ҳазору 200 (21200) ҷойи нишаст муҳайё шудааст, ки ин рақам 78 фоизро ташкил медиҳад.
Мақсади лоиҳа рушд ва беҳтар намудани таҳсилоти умумӣ ва қонеъ гардонидани талаботи мамлакат ба низоми таҳсилот ва шумораи афзуншавандаи хонандагон тавассути сохтмон ва таҷҳизонидани якчанд мактаб дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мебошад. Дар доираи амалишавии Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4» иҷрои вазифаҳои зерин пешбинӣ шудааст:
сохтмони 34 муассисаи нави замонавӣ бо иқтидори лоиҳавӣ барои аз 168 то 780 ҷойи нишаст бо назардошти кабинетҳои фаннӣ ва тамоми инфрасохтор;
сохтмони бинои замонавии Раёсат ва шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, ки метавонад даҳҳо кормандро бо ҷои кор таъмин намояд;
таъмин ва муҷаҳҳазгардонии ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳо, кабинетҳои фаннӣ, толори варзишӣ, толори маҷлис, ошхона ва китобхона бо қироатхона;
Бунёди низоми самараноки маориф, фароҳамсозии имконияти фарогир ва баробар барои инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ, таъмини шуғл ва беҳтар намудани некӯаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самтҳои муҳими Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад. Дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд, дар соҳаи маорифи мамлакат амалишавии Лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф» низ идома дорад, ки солҳои 2020 — 2024 -ро дар бар мегирад.
Ҳаҷмии умумии сармоя дар доираи ин лоиҳа, ки дар маҷмуъ 46 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, қарз, грант ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҳаҷми умумии сармояи барои татбиқи ин лоиҳа пешбинигардида то имрӯз 24,5 миллион доллар аз худ карда шудааст, ки нишондиҳандаи мазкур 66 фоизро ташкил медиҳад.
Лоиҳа 73 иншооти соҳаи маорифро дар бар гирифта, дар доираи он 68 муассисаи таълимӣ барои 34 ҳазору 880 хонанда дар ду баст ва 5 бинои шуъбаи маориф сохта, ба истифода дода мешавад. Аз ин шумора 71 лоиҳа дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ мешавад.
Тибқи иттилои татбиқкунандагони ин лоиҳа, бо ҷалби ин маблағҳо аллакай бинои 7 муссисаи таълимӣ пурра сохта, бо таҷҳизоти муосир таъмин шудааст. Дар ҳамин замина таъкид мегардад, ки соли 2023 аллакай 11,6 миллион доллар аз худ шуда, татбиқи ҳадафҳои созанда дар ин замина идома дорад. Дар назар аст, ки дар доираи амалишавии ин лоиҳа то охири соли равон боз 20 иншоот дар соҳаи маориф мавриди истифода қарор дода шаванд.
Татбиқкунандаи лоиҳа «Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» буда, ҳадаф аз он беҳтар намудани сатҳ ва рушди таҳсилоти умумӣ тавассути сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳо дар якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад
Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ барнома ва лоиҳаҳои нав амалӣ мегарданд, ки ба ҷорӣ намудани навгониҳо дар ин самт ва рушди малакаҳои касбии наврасону ҷавонон мусоидати зиёд менамоянд. Васеъ намудани шуғли самаранок мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҳадафҳои асосии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» мебошад, ки амалишавии он дар ҷумҳурӣ аз соли 2021 идома дорад.
Ин лоиҳа бо ҷалби 34,6 миллион доллар амалӣ мегардад, ки гранти Бонки осиёии рушд ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Бино ба иттилои масъулони татбиқкунандаи ин лоиҳа, ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз оғози амалишавӣ 9,2 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда ба 26 фоизи сармояи умумӣ баробар мебошад. Бо ҷалби ин сармоя то имрӯз сохтмони марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон ва марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки то 1 октябри соли 2023 аз ҳаҷми умумии маблағҳо 2,6 миллион доллар баробар ба 109 фоизи нақшаи давраи ҳисоботӣ амалӣ шудааст.
«Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (VOLIP2)» аз лоиҳаҳои дигари сармоягузорӣ дар соҳаи маорифи мамлакат мебошад, ки дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ мавриди амал қарор дорад. Ин лоиҳа дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд бо ҷалби 19,1 миллион доллар татбиқ мегардад.
Дар доираи ин лоиҳа 14 бинои маркази нави касбомӯзӣ сохта мешавад, як маркази касбомӯзии амалкунанда ва хобгоҳи донишҷӯён таъмир шуда, бо асбобу таҷҳизоти соҳавӣ пурра таъмин ва мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамчунин 20 ҳазор ҷавон, занҳои бекасб ва шахсони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ, аз ҷумла 12 ҳазор ҷавон ва 8 ҳазор занону духтарони бекасб ва шахсони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуда, бо шаҳодатнома таъмин мегарданд. Ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар намудани таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари таҳким бахшидани заминаи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимӣ бо бунёду мавриди истифода қарор додан ва муҷаҳҳазсозии онҳо ҳамзамон ҷиҳати дастрасии насли наврасу ҷавон ба ғизои босифати мактабӣ таваҷҷуҳи зиёд равона менамояд. Дар ҳамин замина имрӯзҳо дар баробари қабул ва мавриди амал қарор гирифтани «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» ҳамкорӣ бо шарикони рушд низ дар ин самт густариш дода мешавад.
Лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ» самараи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои молиявӣ буда, бо ҷалби 1,6 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Сармояи асосӣ барои амалишавии ин лоиҳа гранти IFAD аст ва он дар 36 мактаби ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Вахш, Данғара, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб татбиқ мегардад. Ин лоиҳа солҳои 2021 -2024 -ро дар бар гирифта, бино ба иттилои Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» то имрӯз 858,2 ҳазор доллар аз худ шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳа ошхонаҳои муассисаҳои таълимии зерҳадаф таъмир шуда, ҳамзамон бо мақсади беҳтар намудани шароити омода намудани хӯрок таҷҳизоти зарурӣ, инчунин мизу курсӣ барои хонандагон таъмин гардидаанд.
Илова бар ин бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мактабҳо гармхонаҳои хурд бунёд шудаанд. Ҳамзамон барои афзун намудани маҳсулоти ғизои мактаббачагон бо 32 хоҷагии хурди кишоварзӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, гармхонаҳо бунёд гардидаанд, ки байни хоҷагиҳо ва мактабҳои зерҳадаф созишномаҳо имзо шуда, дар ин асос 40 фоизи маҳсулоти кишоварзиро ба муассисаҳо дастрас менамоянд. Инчунин дар 8 мактаби зерҳадафи ноҳияҳои Дӯстӣ ва Вахш анбор барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода шудааст.
Азхуднамоии маблағҳо соли равон идома дошта, нишондиҳандаи мазкур ба ҳолати 1 октябри соли 2023 615,3 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки ба 75 фоизи нақшаи давраи ҳисоботӣ баробар мебошад. Мақсади асосӣ аз татбиқи ин лоиҳа дар соҳаи маорифи мамлакат маҳз беҳтар намудани озуқаи мактаббачагон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои фарогири он аст.
«Лоиҳаи муҳити омӯзиш — пойдевори таҳсилоти босифат дар Тоҷикистон», ки соли равон татбиқи он аз ҳисоби гранти Бонки ҷаҳонӣ ва Фонди мақсадноки Хазинаи глобалии маблағгузорӣ оғоз мегардад, бозгӯи фазои мусоиди сармоягузорӣ дар мамлакати мо мебошад. Маблағи ин лоиҳа 50 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад. Ҳадафҳои асосии ин лоиҳа сохтмон ва таъмири мактабҳо, такмили ихтисос ва баландбардории сифати таҳсил мебошад.
Дар 32 соли Истиқлолияти давлатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар мамлакат 493 бинои таълимӣ ва иншооти иловагӣ дар назди мактабҳо барои 100276 ҷойи нишаст сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Соли 2023 аз ҳисоби сармояи хориҷӣ сохтмону навсозии 93 бинои муассисаи таълимӣ ва синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 20144 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, давоми 9 моҳи соли гузашта аллакай 22 бинои таълимӣ ва иловагӣ барои 5718 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар маҷмуъ, давоми панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар мамлакат 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла соли 2022 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор нафар хонанда ба истифода дода шудааст.
Дар доираи татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ва сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва ба фаъолият оғоз намудани филиалҳои муассисаҳои таълимии бонуфузи давлатҳои пешрафтаи дунё дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе низ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»