Дар шаҳри Душанбе аввалин Олимпиадаи байналмилалии «KhIMIO–2025» идома дорад

Ноябрь 7, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе аввалин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём — «KhIMIO–2025» идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.

Олимпиада бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) баргузор гардида, дар он довталабон аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркменистон, Белорус иштирок доранд.

Ҳадафи аз баргузории Олимпиада рушди истеъдодҳои ҷавон ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм мебошад.

Баргузории Олимпиада дар мамлакат қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, муаррифии истеъдодҳои ҷавон дар сатҳи байналмилалӣ ва баланд бардоштани нуфузи илму маорифи миллӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиада 5 ноябр оғоз гардида, то 9 ноябр идома меёбад.

АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Ноябрь 7, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид