Дар Қатар рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди байналмилалии «Маориф аз ҳама боло» нақша дорад, ки ҷиҳати рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ва дастгирии иқдомҳои навоваронаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад. Дар ин хусус зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директори генералии Бунёди байналмилалии «Маориф аз ҳама боло» Муҳаммад Саъд Ал-Кубайсӣ, ки дар шаҳри Доҳаи Давлати Қатар баргузор гардид, иттилоъ доданд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маорифро баррасӣ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба бунёд ва навсозии муассисаҳои таълимии нав ва муассисаҳое, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, гуфтушунид намуданд.
Гуфта шуд, ки бунёди муассисаҳои нав, фароҳам овардани шароити муосир ва муҳити бехатар дар онҳо, мусоидат ба азхудкунии илму дониш барои хонандагон ва боло бурдани сатҳу сифати таълим нақши муҳим дорад.
Таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори соҳаи маориф, аз ҷумла, бунёди муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти наву замонавӣ, заминаи устувор барои таъмини баробарии дастрасӣ ба таҳсил мебошад.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






