Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

Октябрь 3, 2023 09:06

ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Машваратҳо таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдулкарим Ал-Херейҷӣ доир шуданд.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, ҳуқуқӣ, фарҳанг, илму маориф ва тандурустӣ табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкории ду давлатро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи машваратҳо 2 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдулкарим Ал-Херейҷӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ намуданд.

Ҳамсуҳбатон доир ба истифодаи имконияти васеъ барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд низ табодули афкор анҷом доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 3, 2023 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд