Деҳқонони ноҳияи Деваштич нақша доранд, ки истеҳсоли картошкаро то ба 230 ҳазор тонна расонанд
ДУШАНБЕ, 15.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сокинон ва деҳқонони ноҳияи Деваштич бо аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва обёрии заминҳои лалмӣ сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли картошкаро зиёд менамоянд. Соли равон деҳқонони сарбаланди ноҳия нақша доранд, ки истеҳсоли картошкаро ба 230 ҳазор тонна расонанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, то ин дам қисми бештари ҳосил ҷамъоварӣ шуда, дар минтақаҳое, ки ҳаво нисбатан сард аст, ҷамъоварии ҳосили картошка идома дорад.
Кишоварзони ноҳияи Деваштич давоми солҳои охир ҷиҳати иҷрои супоришҳои Сарвари давлат майдони кишти картошкаро қариб 1000 гектар зиёд намуданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва инчунин аз ҷониби худи аҳолӣ заминҳо обёрӣ шуда, кишоварзон барои зиёд намудани истеҳсоли картошка тадбир меандешанд.
Ҳоло дар ноҳияи Деваштич 12 намуди тухмии картошка парвариш мешавад. Тибқи дурнамо деҳқонони ноҳия азм доранд, ки то соли 2030 истеҳсоли картошкаро то ба 500 ҳазор тонна расонанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






