Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва нуҳ муассисаи касбии олии Беларус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва ректорони нуҳ муассисаи касбии олии Ҷумҳурии Беларус шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус, ки дар пойтахти Беларус доир шуд, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода ҷиҳати ҳамкории судманд бо роҳбарони нуҳ муассисаи касбии олии Ҷумҳурии Беларус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Моҳияти шартномаҳои баимзорасида масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории илмию таълимӣ, коркарди усулҳои нав барои беҳтар намудани сифати таҳсил, табодули устодони варзида барои тадриси донишҷӯён, дар робита ба тадқиқоти илмӣ анҷом додани корҳои илмию тадқиқотии муштарак, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, иштирок дар конференсияҳои илмию амалӣ ва илмию назариявӣ, ҳамоиш ва семинарҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, асарҳои илмию тадқиқотӣ, дастурҳои таълимӣ ва ба ин васила ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилро фаро мегирад.
Ёдовар мешавем, ки форуми мазкур ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи илму маориф мусоидат менамояд.
АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






