Доварони Тоҷикистон бозиҳои Лигаи чемпионҳои Осиё ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро ҳакамӣ менамоянд

Октябрь 23, 2023 15:22

ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони  Тоҷикистон барои доварии  бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ва Ҷоми КФО-2023/24 даъват шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло довари марказии бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «G» байни дастаҳои «Йокагама Ф-Маринос» (Ҷопон) ва «Кайя Илоило» (Филиппин) таъйин шуд. Ин рақобат 25 октябр дар Йокогама баргузор мешавад.

Ҳайати доварон аз Тоҷикистон иборат аз довари марказӣ Насрулло Кабиров, ёварон Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар чаҳоргонаи «А»-ро байни дастаҳои «Ал-Наҳда» (Уммон) ва «Ал-Футува» (Сурия), ки 23 октябр дар Маскат баргузор мешавад, ҳакамӣ менамояд.

Довари дигари Тоҷикистон, довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов дар бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 байни дастаҳои «Одиша» (Ҳиндустон) ва «Мазия» (Малдив), ки 24 октябр дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон доир мегардад, ба ҳайси довари эҳтиётӣ фаъолият менамояд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 23, 2023 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд