Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба самаранокии энергетикӣ дар Тоҷикистонро мизбонӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 октябр дар Душанбе конфронси байналмилалии «Самаранокии энергетикӣ дар Тоҷикистон: дурнамо ва мушкилот» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аз созмондиҳандагони конфронси байналмилалӣ буда, он дар доираи Ҳафтаи дипломатияи «сабз»-и Иттиҳоди Аврупо ва маъракаи Иттиҳоди Аврупо -Тоҷикистон: Рӯзҳои энергияи устувор 2023 баргузор мешавад.
Дар конфронс сиёсатмадорон ва коршиносони соҳаи энергетика, намояндагони доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.
Тоҷикистон дар марҳилаи таҳияи стратегия ва механизмҳои татбиқи мусоидат ба самаранокии энергия қарор дорад. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки бо ҷонибҳои асосии манфиатдори миллӣ, донорҳои байналмилалӣ ва дигар шарикон барои муайян намудани қадамҳои минбаъдаи таҳияи сиёсати устувори энергетикӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ намоем.
АКС аз манбаъҳои боз








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






