ЭҲТИЁТ! 6-7 октябр дар водиҳои Тоҷикистон боронҳои пуршиддат пешгӯӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, 6-7 октябр дар водиҳо ба амал омадани боронҳои шадид пешгӯӣ мешавад. Шаби 7 октябр дар баландии зиёда аз 2500 метр борон ба барф мегузарад. Дар аксари минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ ба амал омадни боронҳои шадид, жола ва раъду барқ дар назар аст. Дар ин рӯзҳо ҳарорати рӯзона аз 8 то 10 дараҷа паст мешавад.
6-7 октябр дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ омадани сели маҳаллӣ дар назар аст. Бар асари бориши шадид дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баландшавии сатҳи об пешбинӣ шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи бориши зиёд дар ин рӯзҳо метавонанд ҳолатҳои фавқулода ба амал оянд, аз ин рӯ шаҳрвандон бояд эҳтиёткор бошанд.
Дар ин рӯзҳо эҳтимоли зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳои кӯҳӣ ва роҳҳои кӯҳӣ, маҳдуд гардидани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи вайрон шудани пулҳо, обхезӣ ва эрозияи шоҳроҳ; эҳтимоли зери об мондани маҳалҳои ахолинишин ҳангоми корношоямии заҳбурҳо; эҳтимоли обхезӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо, минтақаҳои пастхамӣ дар натиҷаи сели шадид, баланд шудани сатҳи оби дарёчаҳо, зери об мондани хоҷагиҳо, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони дар минтақаҳои пастҳамвор ҷойгир дар назар аст.
Кумита ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки тамоми заҳбурҳои дар наздикии манзили зисташон ҷойгирро тоза намоянд. Илова бар ин ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, иншооти суст мустаҳкамшуда гардад. Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан дар наздикии хатҳои барқ, дарахтон, лавҳаҳои таблиғотӣ ва иншооти навсохт набояд истод.
Ҳамзамон аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки қоидаҳои одии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироати кишоварзӣ, ки дар манотиқи кӯҳистон мерӯянд, худдорӣ намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.
Шаҳрвандон метавонанд ҳангоми рух додани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё шуъбаи навбатдор бо рақамҳои: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг зананд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд






