«Э ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, БАҲРУ БАРӢ!». Манзумаи шоир Содиқи Кашрудӣ ба Рӯзи забони давлатӣ бахшида шудааст

Октябрь 3, 2023 16:22

ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо мо дар остонаи таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки маҳз дар ҳамин рӯз, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда буд.

Қонуни мазкур дурнамои рушди забони давлатиро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд.

Ба ифтихори ин санаи фархунда шоирону нависандагон ва забоншиносону рӯзноманигорон, ходимони давлатӣ ва намояндагони дигар табақаҳои аҳолӣ шеъру мақолаву нигоришҳо ба чоп мерасонанд. Аз ҷумла, Содиқи Кашрӯдӣ низ манзумаи тозае бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ эҷод намудааст, ки онро пешниҳоди хонандагон менамоем:

Ай забони тоҷикии шаккарин.
Ай ширинтар аз наботу ангубин.

Коштӣ андар ҷаҳон тухми сухан,
Одамӣ аз вожаат шуд ройзан.

Э забонам, бо ту аз сўи Худо,
Зардуҳишт овард Авасто баҳри мо.

Э забони халқи бо ҳушу закӣ,
Коми ту парвард коми Рўдакӣ.

Пири Тўсӣ шуд зи ту соҳибсухан,
Бо ту гардид шўҳра дар дайри куҳан.

Шуд маст Хаййом аз ҷоми Ҷамат,
Борбад шуд шўҳра аз зеру бамат.

Носиру Синову пури Ганҷавӣ,
Дар сухан, дар назм гаштанди равӣ.

Маснавии Мавлавӣ саршори туст,
Саъдиву Ҳофизу Ҷомӣ ёри туст.

Сайидову Соибу Бедил туӣ,
Корвони назмро маҳмил туӣ.

Дигаронро низ туӣ боис ба ном,
Бар калому бар пайому бар мақом.

Ай забони Эзадии қудсиён,
Ай забони ростону бостон.

Шоҳ аз сеҳрат бишуд аз Бодхез,
Хинги худро то Бухоро дод хез.

Дар яке по мўзаву дигар тиҳӣ,
Хинг меронд, ай забони ман зиҳӣ.

Хинги ўро оби Ҷайҳун то миён,
Шуд сумашро реги Омул парниён.

Осмону Меҳру Моҳу ахтарӣ,
Аз ҳама лафзу забонҳо бартарӣ.

Бо забонам ҳамзабонӣ, эй забон,
Ин забонамро туӣ кавну макон.

Бо русиву ҳинду ҳастӣ ҳамкашан,
Бо туанд дар гўйиш онон хушсухан.

Русиро аз зўри ту бошад тавон,
Бе ту набвад хуш садои булбулон.

Лафзи ҳиндуро ширинӣ аз ту аст,
З-он, туро кардаст бо худ корбаст.

Пушта гунг аст бе туву бе лаҳни ту,
Ўзбаку туркмону турк камгуфтугў.

Бо ту анҷоман намозу кешро,
Бишмаранд ҳам рўзҳои хешро.

Ину онро гаштаи ту ройзан,
Дар ҷаҳони маҳфилу шеъру сухан.

Офтобиву забонҳо зарраанд,
Ту бузургмешиву онҳо барраанд.

Э забони тоҷикӣ, баҳру барӣ.
Дар мақом аз ҳар забон болотарӣ.

Булбулон бо лаҳни ту чаҳ-чаҳ кунанд,
Нағмапардозӣ ба чандин раҳ кунанд.

Тўтиву қумрӣ ба бўстону чаман,
Бо ту мехонан ба ҳар сарву суман.

Гул зӣ ту андар забонҳо ҷо гирифт,
Дар чаму чому ғазал ово гирифт.

Чун хуш аст, гуфтан ба ту модар-падар,
Ҳам ситоиши Худои додгар.

Хуш садоят мерасад бар гўши мо,
Дар сухан орӣ лаби хомўши мо,

Шайх Санъон бо ту гашта номдор,
Юсуфи Канъон бо ту шаҳсавор.

Номдорон аз ту номӣ гаштаанд,
Ҳамчу ту бар мо гиромӣ гаштаанд.

Шоҳнома бо ту Шоҳи нома шуд,
Варна ҳасторе зи нўги хома буд.

Ту Авастоиву ту Зардушти мо,
Ту гироми ҳастӣ бар сад пушти мо.

Ай ту моро чашмаву рўди равон,
Ай хирому ай нигоҳи оҳувон.

Ай ту моро хирмани гул дар баҳор,
Ай ту моро лолаҳои кўҳсор.

Ай ту моро сабза дар фасли хазон,
Ай ту моро ҳарчи пайдову ниҳон.

Салсабилу Чашмаи ҳайвон туӣ,
Ҳар чизе беҳтар бувад беҳ з-он туӣ.

Ай ту моро Монавию Паҳлавӣ,
Ай ту моро Рўдакиву Мавлавӣ.

Бе ту н-ояд дар забон сарву суман,
Бе ту набвад хуш сухан дар анҷуман.

Ай ту моро порсиву ҳам дарӣ,
Ай ту моро лафзи поки модарӣ.

Ҳар замон ҳар фирқа афсун мекунӣ,
Хештанро хуш дигаргун мекунӣ.

Ай забони сеҳрноки модарӣ,
Ай ширин аз хониши кабки дарӣ.

Ман туро фарзанду ворис гаштаам.
Ман ба ту дилбанду ҳорис гаштаам.

Нестам дур як замон аз хонаат,
Ҷой кардам баҳри худ кошонаат.

Э забони тоҷикӣ, лафзи дарӣ,
Аз ҳама лафзу забонҳо хуштарӣ.

Ай ту моро чашмаи ақлу хирад,
Аз ту оқил мешавад ҳар бехирад.

Ай ту моро нангу ному сарнавишт,
Ай ту моро боғу бўстону биҳишт.

Ай забони сарвариву доварӣ,
Ай забони додгоҳу боварӣ.

Ай забони ширадори Рўдакӣ,
Ай ту айёми хушии кўдакӣ.

Лоҳутиву Айниву Мирзо туӣ,
Дар дилу дар дидаи мо ҷо туӣ.

Ай ту моро Лоиқи ширинсухан,
Ай ту моро мушки оҳуи Хутан.

Булбулон аз ту сухан омўхтанд,
Дар ғами гул бо сурудат сўхтанд.

Тўтӣ пеши ту шакаргуфтор шуд,
Хушнавоӣ аз ту кас натвон рабуд.

Чашма аз гуфтори ту омад ба ҷўш,
Рўду дарё аз ту омад дар хурўш.

Роз мегўӣ ба чандин шева ту,
Медиҳӣ бар ком қанду мева ту.

Ваҳшату даҳшат зи ту бегона аст,
Нармиву гармӣ ба ту ҳамхона аст.

Нест мурғе, чун ту хушхон дар чаман,
Нест ҷуз ту розгўи ҷону тан.

Пайкарамро испару ҷавшан туӣ,
Шому шабҳои маро равшан туӣ.

Аз ту тоҷик ҷовидону зинда аст,
Ончунон Хуршеду Маҳ поянда аст.

Варна кайҳо гаштӣ нобуд аз ҷаҳон,
Аз тири тозиву теғи кўчиён.

Порсӣ хонам туро ё ки дарӣ,
Ину он ҳастиву қанду шаккарӣ.

Ай ту гавҳар ҳастӣ, мо гавҳаршинос,
Ай ту ҳақ ҳастиву тоҷик ҳақшинос.

Ин санохони ҷаҳони ту манам,
Такя бар айвони ҷони ту манам.

Ҳар нигоҳам ҷон андар ҷони туст,
Бар шикасту дарди ту дармони туст.

Ман туро бо ҷони худ дармон кунам,
Он чи ки мехоҳӣ ту, ман он кунам.

Тозаат созам зи ҳар лафзи ҳаром,
То ки бошӣ пок чун моҳи тамом.

Дур созам аз ту лафзи ноҳалол,
То ки боши соф чун оби зулол.

Парчамат з-ин ҳастияш боло кунам.
Арзишат болотар аз тилло кунам.

Хирманатро боз ҳам афзун кунам,
Аз танат ноҷўриҳо берун кунам.

Ай забон, лафзи гуҳарборам туӣ,
Аз Худованд ганҷи пурборам туӣ.

Ай забони ман, сару сомони ман,
Хоку боду ганҷу обу нони ман.

Ай забонам давлату тоҷу нигин,
Тахту бахту сарвати рӯи замин.

Шому шабҳои маро ахтар туӣ,
Аз Маҳу Меҳру фалак бартар туӣ.

Ту набошӣ, нестам ман дар ҷаҳон,
Бо ту ман ҳастам ҷавону ҷовидон.

Эй забони порсии шаккарӣ,
Эй ту гуфтори хуши кабки дарӣ.

Банд-бандам банд аст дар банди ту,
Гаштаам пайванд дар пайванди ту.

Ҳар шабу шому саҳар ман бо туам,
Зинда дар ин баҳру бар ман бо туам.

Резахўри хирмани хони туам,
Заррае аз ҷон дар ҷони туам.

Ту Самарқанду Бухороӣ манӣ,
Балху Марву мулки Дорои манӣ.

Пешдодиёну Сосонам туӣ,
Ёдгори Олӣ Сомонам туӣ.

Марзу буму хоки Иронам туӣ,
Шаҳру деҳи Туру Тўронам туӣ.

Ҳам Саразм астиву ҳам Хоразми ту,
Ҳам ту сарразмиву охирразми ту.

Бохтару Суғду найистонам туӣ,
Хушу зебо Тоҷикистонам туӣ.

Ай забони тоҷикӣ лафзи дарӣ,
Ай забони ориву ҳуру парӣ.

Зинда бошу ҷовидону бегазанд,
Бо садоят зери ин чархи баланд.

Нестам чун хоинон фориғ зи ту,
Бо забони дигарон дар гуфтугў.

Огаҳам аз ранҷу дарду доғи ту,
Аз хазонҳо дар баҳору боғи ту.

Бо рақибони ту дар каш-каш манам,
Душманонатро тиру таркаш манам.

Ман ҷаҳонатро забонам шоиқам,
Бо ту ман бар хасми кўрат фоиқам.

Мазраат бошад ҳамеша сабзу тар,
Хирманат пурбору киштат борвар.

Содиқам, дар роҳи ҳифзат содиқам,
Ман ба туву бар ҷаҳонат лоиқам.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 3, 2023 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст гардид
Вобаста ба мавзуи ҳифзи сирри давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид