Федератсияи футболи Тоҷикистон ташаббуси Арабистони Саудиро оид ба мизбонии Ҷоми ҷаҳон-2034 дастгирӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ташаббуси Арабистони Саудӣ барои мизбонии Ҷоми ҷаҳон дар соли 2034 пуштибонӣ менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон талошҳои Арабистони Саудиро дар рушди футбол ва инфрасохтори футболӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, итминон дорад, ки Арабистони Саудӣ метавонад Ҷоми ҷаҳон-2034-ро дар сатҳи баланди ташкилӣ мизбонӣ намояд.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ ба Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ҷиҳати соли 2034 гузаронидани Ҷоми ҷаҳон дархост пешниҳод намуд.
4 октябр Федератсияи байналмилалии футбол эълон намуд, ки тибқи усули ҷойивазнамоии қитъаҳо танҳо давлатҳои Осиё ва Уқёнусия метавонанд барои иштирок дар баргузории Ҷоми ҷаҳон-2034 дархост пешниҳод намоянд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






