ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» дар Малайзия иштирок менамояд

Октябрь 10, 2023 15:49

ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаро барои иштирок дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023», ки дар Малайзия баргузор мешавад, эълон намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил шуданд. Чаҳор бозигари мунтахаби олимпии мамлакат (U-23) бори нахуст ба дастаи мунтахаб даъват шуданд, ки онҳо дарвозабон Сӯҳробхуҷа Юсупов (КМВА), ҳимоятгар Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), нимҳимоятгарон Руслан Хайлоев («Тюмен»-и Русия) ва Алишер Шукуров («Куктош») мебошанд. Инчунин ҳимоятгарони дастаи мунтахаби наврасон (U-17) – Диловар Ҷамшедзода ва Баракатулло Нигматуллозода, ки дар «Барқчӣ»-и Ҳисор бозӣ менамоянд, даъват гардидаанд.

Ба далели омодагии чемпиони Тоҷикистон, дастаи футболи «Истиқлол» ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 ситоди мураббиёни дастаи мунтахаб бозигарони «Истиқлол»-ро дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр ба ҳайати мунтахаб даъват накарданд.

Қобили тазаккур аст, ки дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 октябр бо тими миллии Фаластин бозӣ менамояд. Дар рақобати дигари даври нимниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Ҳиндустон вомехӯранд.

Ғолибони даври нимниҳоӣ 17 октябр дар бозии ниҳоӣ ба ҳам меоянд ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Ҳама бозиҳои ин мусобиқа дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор мешаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023»: 

Дарвозабонҳо: Суҳробхуҷа Юсупов (КМВА), Сафармад Ғаффоров («Хатлон»), Далер Баротов («Истаравшан»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Далер Имомназаров («Эсхата»), Холмурод Назаров («Равшан»), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Диловар Ҷамшедзода, Баракатулло Нигматуллозода (ҳарду аз «Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Вайсиддин Сафаров (КМВА), Алишер Шукуров («Куктош»), Абубакр Сулаймонов («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 10, 2023 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд