Грантҳои Раиси вилояти Суғд ба 60 нафар занони ҳунарманд супорида шуданд

Октябрь 11, 2023 17:44

ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябр Раиси вилояти Суғд ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманд барои тавсеаи фаъолияташон грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро супорид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Таъкид шуд, ки бо дастгириҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​ мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа баланд бардошта шуда, имрӯз занону духтарон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ фаъолияти назаррас доранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкории хурду миёна таваҷҷуҳи хосса равона гардида, занон эҷодкор, ташаббускору созанда пайваста дастгирӣ меёбанд. Ҷудо гардидани грантҳои президентӣ имкон фароҳам овард, ки занону духтарон дар амалӣ шудани нақшаву иқдоми созанда ба дастовардҳои бештар ноил гарданд.

Соли равон 18 нафар занону духтарони вилояти Суғд бо пешниҳод намудани лоиҳаҳои худ сазовори грантҳои президентӣ гардиданд. Дар пайравӣ ба сиёсати созандаву оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд Гранти Раиси вилоят таъсис дода шуда, давоми солҳои 2010-2022 қариб 4 миллион сомонӣ грант ба занону духтарони ҳунарманд супорида шуда, ин иқдом ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону духтарон ба омӯзиши ҳунар ва рушди соҳаҳои мухталиф замина фароҳам овард.

Бо ташаббуси Сарвари давлат солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон гардидаанд, ки дар татбиқи он саҳми занони соҳибкору ҳунарманд назаррас аст. Занону духтарони ҳунарманд бо ташкили марказҳои ҳунаромӯзӣ, рушди занбӯри асалпарварӣ, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ ва фаъолият дар дигар самту соҳаҳои муҳим дар амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат саҳми арзанда мегузоранд.

Имрӯз дар вилоят 288 маркази ҳунармандӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 108 адад маркази таълимӣ-истеҳсолӣ мебошад. Дар марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ 30 ҳазору 690 нафар занону духтарони хонанишин ба ҳунармандӣ ҷалб гардидаанд. Дар вилояти Суғд 40 сехи дӯзандагӣ амал намуда, дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Истиқлол ва Деваштич коргоҳҳои қолинбофӣ аз нахи абрешим ва дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Гулистон, Бӯстону Хуҷанд ва Истаравшан коргоҳу корхонаҳои пойафзолдӯзӣ фаъолият доранд.

Дар ҳамоиш ба 60 нафар заноне, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаашон ғолиб дониста шудааст, грантҳои Раиси вилоят супорида шуданд. Аз ҷумла,​ 15 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ,​ 15 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ ва​ 30 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ба ғолибон тақдим гардид.

Барои дарёфти гранти Раиси вилояти Суғд соли равон аз 18 шаҳру ноҳия 125 лоиҳа пешниҳод гардида, дар натиҷа 60 нафар ғолиб дониста шуд.

Занони ҳунарманд- онҳое, ки имрӯз соҳиби гранти Раиси вилояти Суғд гардиданд, нақша доранд самти фаъолияти худро васеъ намуда, дар баробари ташкили ҷойҳои нави корӣ занону духтарони бешуғлро ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 11, 2023 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ