ХИЗМАТ БА ВАТАН-ШАРАФИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар Рӯзи даъватшаванда дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Парчами миллӣ»-и Варзоб ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Октябрь 2, 2023 12:20

ДУШАНБЕ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2023 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Парчами миллӣ»-и ноҳияи Варзоб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ноҳияи Варзоб,  роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, вакилони халқ, собиқадорони Артиши миллӣ, меҳмонон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, афсарону сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сипари Ватан»-и ноҳия, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳия, волидайни даъватшавандагон, ҷавонони фаъол ва хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.

Зимни ҷамъомад Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода изҳор дошт, ки ҷавонони ноҳия дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлатро дарк ва ҷонибдорӣ намуда, бо иродаи қавӣ ва ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Ҷавонони бошараф дар қисмҳои низомии мамлакат ба хотири ҳимояи марзу бум ва пойдории ваҳдату Истиқлоли давлатӣ хизмат менамоянд. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳама ҷавонон ба мисли фарзандони як модар хизмат менамоянд.

Ба даъватшавандагон таъкид шуд, ки дӯстдори Ватану сарзамини биҳиштосои худ бошанд, ҳеҷ гоҳ зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, худшиносу худогоҳ бошанд. Зеро танҳо андешаи солим, дӯст доштани Ватану миллат ва ҳар зарра хоки Тоҷикистон ҷавононро ба манзили мақсуд мерасонад.

Дар ҷараёни ҳамоиши идона волидайн ва даъватшавандагон сухан гуфта, ба роҳбарияти олии мамлакат барои шароити хуби хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Ба ифтихори Рӯзи даъватшаванда аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи бошукуҳи ҳунарӣ, ки ба ситоиши Ватан — Модар бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардид.

Аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ машқҳои ҳарбӣ намоиш дода шуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба даъватшудагон, ки даврҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ омӯхтаанд, ҳуҷҷати ронандагӣ тақдим гардид.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Октябрь 2, 2023 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст