ИФТИХОР АЗ ФАРЗАНД. Дар Хатлон модарони сарбозон қадрдонӣ гардиданд
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар модаронеро, ки зиёда аз ду фарзандашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафмандона хизмат намудаанд, қадршиносӣ мегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки ин модарони шарафманд аз маҳаллаҳои Хатлон, Дӯстии халқҳо, Мирзо Турсунзода ва Ҳоҷӣ Шарифи шаҳри Бохтар буда, ду ва зиёда аз он фарзандонашонро ба сафи Артиши миллӣ барои хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят намудаанд.
Фарзандон низ сарбаландона хизматро адо намуда, шароити мусоиди қисмҳои низомии мамлакатро ба дигар ҷавонон тарғиб менамоянд.
Ин модарони шарафманд ифтихор аз он доранд, ки фарзандонашон дар мактаби мардонагию шуҷоат, дар сафи Артиши миллии мамлакат сарбаландона хизмат намудаанд.
Зимни мулоқот инчунин масъалаҳои ободкорию сабзгардонии кӯчаву маҳал, назди хонаҳои истиқоматӣ ва пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ дар байни занону ҷавонон матраҳ гардиданд.
Ҳамзамон бо занону духтарони ноҳияи Хуросон вохӯрӣ гузаронида шуд. Барои тарбияи фарзандони ватандӯсту меҳанпараст ва саҳми онҳо дар ҳимояи марзу буми давлат модарони сарбозони ин ноҳия низ бо Сипосномаи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Дар суҳбат гуфта шуд, ки модарони бошарафи тоҷик ҳамеша фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватану миллат тарбия намуда, насле ба воя мерасонанд, ки барои ояндаи дурахшон ва имрӯзу фардои давлату миллат хизмати сазовор анҷом медиҳанд.
Дар вохӯрӣ дигар масъалаҳои самти кор бо занон ва оила низ баррасӣ шуданд.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон









 
						
 Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии    мо – тоҷикон аст»
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии    мо – тоҷикон аст» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии  Тоҷикистон
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии  Тоҷикистон ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем» Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад» Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад» Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард» 
									 
									 
									 
									 
									





