ИФТИХОР АЗ ФАРЗАНД. Дар Хатлон модарони сарбозон қадрдонӣ гардиданд

Октябрь 20, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар модаронеро, ки зиёда аз ду фарзандашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафмандона хизмат намудаанд, қадршиносӣ мегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки ин модарони шарафманд аз маҳаллаҳои Хатлон, Дӯстии халқҳо, Мирзо Турсунзода ва Ҳоҷӣ Шарифи шаҳри Бохтар буда, ду ва зиёда аз он фарзандонашонро ба сафи Артиши миллӣ барои хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят намудаанд.

Фарзандон низ сарбаландона хизматро адо намуда, шароити мусоиди қисмҳои низомии мамлакатро ба дигар ҷавонон тарғиб менамоянд.

Ин модарони шарафманд ифтихор аз он доранд, ки фарзандонашон дар мактаби мардонагию шуҷоат, дар сафи Артиши миллии мамлакат сарбаландона хизмат намудаанд.

Зимни мулоқот инчунин масъалаҳои ободкорию сабзгардонии кӯчаву маҳал, назди хонаҳои истиқоматӣ ва пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ дар байни занону ҷавонон матраҳ гардиданд.

Ҳамзамон бо занону духтарони ноҳияи Хуросон вохӯрӣ гузаронида шуд. Барои тарбияи фарзандони ватандӯсту меҳанпараст ва саҳми онҳо дар ҳимояи марзу буми давлат модарони сарбозони ин ноҳия низ бо Сипосномаи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Дар суҳбат гуфта шуд, ки модарони бошарафи тоҷик ҳамеша фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватану миллат тарбия намуда, насле ба воя мерасонанд, ки барои ояндаи дурахшон ва имрӯзу фардои давлату миллат хизмати сазовор анҷом медиҳанд.

Дар вохӯрӣ дигар масъалаҳои самти кор бо занон ва оила низ баррасӣ шуданд.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон

Октябрь 20, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид