Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона тағйирёбанда мешавад

Октябрь 19, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 19.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Вазиши шамол 10-15 метр дар як сонияро ташкил медиҳад. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво то ба 18+23 дараҷа мерасад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда буда, шабона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борон ва барф) ба амал омада, рӯзона бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда,  шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 19, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд