Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва жола ба амал меояд

Октябрь 6, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 06.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ номусоидии якбораи вазъи обу ҳаво пешгӯӣ шуда, дар бештари минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ борони бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида ба амал омадани раъду барқ ва жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони бошиддат ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳида ба амал омадани борони бошиддат, инчунин раъду барқ ва жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани борон,  рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат, раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 28+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани борон, дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат, раъду барқ ва жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона ба амал омадани борон, дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат, раъду барқ ва жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 6, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад