Имрӯз дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Мянма бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал дар гурӯҳи «Е» баргузор мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаҳои Тоҷикистон ва Мянма, ки пас аз ду давр шашимтиёзӣ ба даст овардаанд, байни ҳам ғолиби гурӯҳро муайян менамоянд. Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мешавад.
Дар бозии дигар соати 16:00 дастаҳои Фаластин ва Ҳиндустон вомехӯранд.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони ҳашт гурӯҳ, ҳамчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба даври ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2024, ки аз 15 то 26 апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024
Гурӯҳи «E». Даври 3
11 октябр (чоршанбе)
16:00 – Фаластин – Ҳиндустон
19:00 – ТОҶИКИСТОН – Мянма
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






