ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БИНОӢ. Ҳар инсон бояд дар як сол на камтар аз ду-се маротиба аз ташхиси духтури чашм гузарад

Октябрь 12, 2023 15:01

ДУШАНБЕ, 12.10.2023. /АМИТ «Ховар»/.Тибқи иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), тақрибан 2,2 миллиард нафар дар саросари ҷаҳон нобино ё заъфи биноӣ доранд. Зиёда аз 19 миллион кӯдак дар  ҷаҳон  гирифтори бемориҳои чашм мебошанд. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи  ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти нобиноӣ, вайроншавии биноӣ  ва сафедшавии қувваи босираи одамон панҷшанбеи дуюми моҳи октябр Рӯзи байналмилалии биноӣ эътироф шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Чашм яке аз узвҳои асосӣ мебошад, ки тавассути он инсон беш 80 фоизи иттилооти атрофро қабул менамояд, аммо мутаассифона, мушоҳидаҳо бозгӯи он ҳастанд, ки вақтҳои охир дар тамоми ҷаҳон одамоне, ки мушкилоти биноӣ доранд, меафзояд.

Сабабҳои аслии бемориҳои чашмро табибон ба  риоя накардани  гигиенаи босира,  сироятҳо, осебҳо  ва истифодаи аз меъёр зиёди воситаҳои техникӣ (компютер, телевизор, телефонҳои мобилӣ) вобаста медонанд.

Тавре муовини директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм дар шаҳри Душанбе  Саъдулло Мардонов иброз дошт, имрӯз мо  дар асри технологияҳои компютерӣ, суръатҳои кайҳонӣ, муҳит ва авзои  номусоиди экологӣ  умр ба сар мебарем, ки ин ҳама ба биноиши чашмони мо таъсири манфӣ мерасонанд.

«Бештари табобат ва барқарор намудани бемориҳои чашм аз худи инсон вобаста аст. Бояд ҳар нафар дар ҳолати гирифтор шудан ба ин беморӣ сари вақт ба духтур муроҷиат намояд», -гуфт ӯ.

Ба гуфтаи табиби чашм, бемориҳои пардаи чашм, хуншории дохили чашм, наздикбинӣ, дурбинӣ, дурбинии синну солӣ, бемориҳои илтиҳобии чашм ва баъзе оризаҳое, ки аз бемориҳои диабети қанд вобастагӣ доранд, аз ҷумлаи бемориҳое маҳсуб мешаванд, ки  дар ҳолати сари вақт ба духтур муроҷиат намудан метавон биноии чашмро барқарор намуд.

Аз ин рӯ табибон тавсия медиҳанд, ки ҳар инсон бояд дар як сол на камтар  аз ду — се маротиба аз ташхиси духтури чашм гузарад.

Ба андешаи табибон, омили дигари нуқси чашм никоҳи хешутаборӣ мебошад, ки дар натиҷаи он кӯдак бо нуқсони  чашм таваллуд мешавад. Инчунин  нарасидани витаминҳои А ва Е сабаби камшавии нури чашм шуда метавонад. Аз ин рӯ, ба нафарони биноии чашмашон суст   истеъмоли меваҳои дорои ранги  зард, гӯшт, равғани моҳӣ ва ҷигар  тавсия дода мешавад.

Ба гуфтаи табиб, ҳоло дар ҷумҳурӣ барои табобати бемориҳои чашм ва барқарор намудани биноӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Бо ворид шудани беҳтарин таҷҳизоти муосир,  амсоли визометрия, авторефкератометрия, ретиноскопия, биомикроскопия, танометрия ва линзметрия кори табибон осон гардида, беморон метавонанд акнун на танҳо дар хориҷ аз мамлакат, балки дар дохили Тоҷикистон чашмони худро ташхису табобат ва ҷарроҳӣ намоянд.

Нафароне, ки пайваста бо компютер кор доранд, бояд реҷаи кориро риоя намуда, барои  паст нашудани биноии чашм аз  назорати табибон гузаранд. Инчунин ҳангоми кор бо компютер ҳар нафар бояд аз айнакҳои махсус истифода барад, то нурҳои электромагнитие, ки аз  компютер пош мехӯранд, ба чашми онҳо зарар нарасонанд.

Инчунин табибон ба нафароне, ки воситаҳои техникиро зиёд истифода мебаранд, тавсия медиҳанд, ки машқҳои махсуси чашмро иҷро намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 12, 2023 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад