ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БИНОӢ. Ҳар инсон бояд дар як сол на камтар аз ду-се маротиба аз ташхиси духтури чашм гузарад
ДУШАНБЕ, 12.10.2023. /АМИТ «Ховар»/.Тибқи иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), тақрибан 2,2 миллиард нафар дар саросари ҷаҳон нобино ё заъфи биноӣ доранд. Зиёда аз 19 миллион кӯдак дар ҷаҳон гирифтори бемориҳои чашм мебошанд. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти нобиноӣ, вайроншавии биноӣ ва сафедшавии қувваи босираи одамон панҷшанбеи дуюми моҳи октябр Рӯзи байналмилалии биноӣ эътироф шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Чашм яке аз узвҳои асосӣ мебошад, ки тавассути он инсон беш 80 фоизи иттилооти атрофро қабул менамояд, аммо мутаассифона, мушоҳидаҳо бозгӯи он ҳастанд, ки вақтҳои охир дар тамоми ҷаҳон одамоне, ки мушкилоти биноӣ доранд, меафзояд.
Сабабҳои аслии бемориҳои чашмро табибон ба риоя накардани гигиенаи босира, сироятҳо, осебҳо ва истифодаи аз меъёр зиёди воситаҳои техникӣ (компютер, телевизор, телефонҳои мобилӣ) вобаста медонанд.
Тавре муовини директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм дар шаҳри Душанбе Саъдулло Мардонов иброз дошт, имрӯз мо дар асри технологияҳои компютерӣ, суръатҳои кайҳонӣ, муҳит ва авзои номусоиди экологӣ умр ба сар мебарем, ки ин ҳама ба биноиши чашмони мо таъсири манфӣ мерасонанд.
«Бештари табобат ва барқарор намудани бемориҳои чашм аз худи инсон вобаста аст. Бояд ҳар нафар дар ҳолати гирифтор шудан ба ин беморӣ сари вақт ба духтур муроҷиат намояд», -гуфт ӯ.
Ба гуфтаи табиби чашм, бемориҳои пардаи чашм, хуншории дохили чашм, наздикбинӣ, дурбинӣ, дурбинии синну солӣ, бемориҳои илтиҳобии чашм ва баъзе оризаҳое, ки аз бемориҳои диабети қанд вобастагӣ доранд, аз ҷумлаи бемориҳое маҳсуб мешаванд, ки дар ҳолати сари вақт ба духтур муроҷиат намудан метавон биноии чашмро барқарор намуд.
Аз ин рӯ табибон тавсия медиҳанд, ки ҳар инсон бояд дар як сол на камтар аз ду — се маротиба аз ташхиси духтури чашм гузарад.
Ба андешаи табибон, омили дигари нуқси чашм никоҳи хешутаборӣ мебошад, ки дар натиҷаи он кӯдак бо нуқсони чашм таваллуд мешавад. Инчунин нарасидани витаминҳои А ва Е сабаби камшавии нури чашм шуда метавонад. Аз ин рӯ, ба нафарони биноии чашмашон суст истеъмоли меваҳои дорои ранги зард, гӯшт, равғани моҳӣ ва ҷигар тавсия дода мешавад.
Ба гуфтаи табиб, ҳоло дар ҷумҳурӣ барои табобати бемориҳои чашм ва барқарор намудани биноӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Бо ворид шудани беҳтарин таҷҳизоти муосир, амсоли визометрия, авторефкератометрия, ретиноскопия, биомикроскопия, танометрия ва линзметрия кори табибон осон гардида, беморон метавонанд акнун на танҳо дар хориҷ аз мамлакат, балки дар дохили Тоҷикистон чашмони худро ташхису табобат ва ҷарроҳӣ намоянд.
Нафароне, ки пайваста бо компютер кор доранд, бояд реҷаи кориро риоя намуда, барои паст нашудани биноии чашм аз назорати табибон гузаранд. Инчунин ҳангоми кор бо компютер ҳар нафар бояд аз айнакҳои махсус истифода барад, то нурҳои электромагнитие, ки аз компютер пош мехӯранд, ба чашми онҳо зарар нарасонанд.
Инчунин табибон ба нафароне, ки воситаҳои техникиро зиёд истифода мебаранд, тавсия медиҳанд, ки машқҳои махсуси чашмро иҷро намоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Эл-Нинё ва Ла-Ниня – ду ҳодисаи табиие, ки ба иқлими ҷаҳон таъсир мерасонанд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Ташаббуси Тоҷикистон дар СММ: масъулияти байнинаслӣ ҳамчун парадигмаи нави ҳуқуқи сулҳ. Андешаҳо дар ин маврид






