ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон чор Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ таҳия ва амалӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 октябр Рӯзи кормандони мақомоти судӣ мебошад. Дар ин робита хабарнигори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён мусоҳибаи ихтисосӣ баргузор намуд, ки зимни он дастовардҳои мақомоти судии мамлакат дар замони Истиқлоли давлатӣ, иҷрои барнома ва стратегияҳои ислоҳот ва рушди мақомот, корҳои ободонӣ ва омода намудани кадрҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АМИТ «Ховар»: 21 январи соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, 26 октябр расман Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ эълон шуд. Лутфан, дар рўзи иди касбиатон оид ба дастовардҳои мақомоти судии мамлакат дар даврони Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла таъйин шудани Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ ба хонандагони АМИТ «Ховар» каме маълумот медодед.
Шермуҳаммад Шоҳиён: Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ — бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Ҷумҳурӣ солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба носомонӣ ва носозгориҳо рӯ ба рӯ шуда бошад ҳам, хиради азалии мардуми тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик боис гашт, ки дар муддати кӯтоҳ оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш шавад. Дар хомӯш намудани оташи ҷанг ва пойдориву устувории ваҳдату муттаҳидии миллати тоҷик ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нақши Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ хеле бузург аст.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари рӯзномаи иҷлосия қарор гирифт, интихоби Сарвари нави давлат буд, ки мебоист дар он вазъи барои мамлакат хеле мураккабу ноором нахуст институтҳои фалаҷгардидаи давлатиро барқарор, волоияти қонунро таъмин ва ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшад.
Интихоби вакилон ба номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт ва ин абармарди миллат, ки дорои сифатҳои беҳтарини роҳбарӣ, ҷасорату матонати сиёсӣ мебошанд, дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ бо ҷонибдории аксарияти вакилон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Агар мо ба таърихи начандон дури мамлакатамон назар намоем, муайян мегардад, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар масъалаи такмили низоми судии мамлакат ҳанӯз 10 марти соли 1992 бо Қарори Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тартиби ҳалли баҳсҳои хоҷагӣ дар додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда, соли 1993 бо Қарори Раёсати Маҷлиси Олӣ Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳо таъсис ёфта, дигар санадҳои ҳуқуқӣ низ дар ин самт қабул гардиданд.
Бо ташаббус ва роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Комиссияи конститутсионӣ бори аввал ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистон қабул гардид.
Ба такмили бомароми низоми судии мамлакат баъд аз қабули Конститутсия суръати тоза бахшида шуда, бо назардошти он ки дар давлати демократӣ ҳокимияти судии мустақили беғараз дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши асосӣ дорад, ба ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ заминаи боэътимод гузошта шуд.
Аввалин маротиба дар таърихи сиёсии мамлакат дар сатҳи конститутсионӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд. Ин меъёри воқеан демократӣ дар моддаи 9 Конститутсия ба таври зайл муқаррар шудааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».
Дар ҳамин радиф ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, аз ҷиҳати тарзи ташкилию сифатӣ ва миқдорӣ ниҳодҳои баамалбарории адолати судӣ инкишоф ёфт ва бори аввал дар низоми судии мамлакат — Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ арзи вуҷуд намуданд.
Баъди қабул шудани Конститутсия бо мақсади сари вақт таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва амалан татбиқ намудани талаботи он оид ба таҳкими рукни судии ҳокимияти давлатӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти судии мамлакат супориш доданд, ки лоиҳаҳои қонунҳоеро таҳия намоянд, ки ба талаботи замон ва қолабҳои байналмилалии марбут ба рушди низоми судӣ мувофиқ бошанд.
Бо мақсади иҷрои супориши Сарвари давлат соли 1995 якчанд қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти судии мамлакатро таҳти танзим қарор медоданд ва таҳияи онҳоро худи Конститутсия пешбинӣ намуда буд, қабул гардиданд. Инҳо қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи сохтори судҳо» буданд. Сипас бо мақсади танзими якхелаи фаъолияти мақомоти судӣ қонунҳои мазкур такмил дода шуда, 6 августи соли 2001 дар як Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муттаҳид шуда, аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабул гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши мақомоти судӣ ҷиҳати таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, 14 апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияи ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонида шуд.
26 сентябри соли 1999 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки онҳо барои рушду такомули давлату давлатдории миллӣ такони ҷиддӣ гардиданд. Дар байни ин ҳама навовариҳои пешбинишуда ташкили мақоми нави дастҷамъӣ Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои танзими фаъолияти мақомоти судии мамлакат таъсис ёфта буд, аҳамияти назаррас дошт.
Бори дуюм — 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки ин қабл аз ҳама, масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар бар гирифта, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намуд.
Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Аз ин рӯ, бори сеюм 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйиру иловаҳои навбатӣ ворид шуданд. Тағйиру иловаҳои охирини ба Конститутсия воридшуда ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риоя ва ҳифзи онҳо мусоидат намуда, ба мақомоти судии мамлакат низ дахл доранд.
Дар асоси тағйиру иловаҳои ба Конститутсия ворид гардида 23 июли соли 2016 ба Қонуни қонститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид шуданд. Тибқи ин тағйиру иловаҳо, бинобар сабаби барҳам дода шудани Шурои адлия, ваколати ин сохтор дар самти таъминоти ташкилии фаъолияти судҳо ва таъминоти моддию техникии онҳо, тартиби интихоб, таъйин, бозхонд ва озод намудани судяҳо, инчунин таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз — судяҳо, масъалаҳо вобаста ба фаъолияти Маркази таълимии судяҳо, дар як коллегияи тахассусӣ муттаҳид намудани се коллегияи тахассусии мавҷуда, таҷдиди сохтори дастгоҳҳои судҳо бо васеъ гардонидани ваколати онҳо нисбат ба судҳои умумӣ ба салоҳияти Суди Олӣ ва нисбат ба судҳои иқтисодӣ ба салоҳияти Суди Олии иқтисодӣ вогузор шуданд.
Дар баробари ҳамаи ин дастовардҳо инчунин бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 январи соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, минбаъд 26 октябри ҳар сол расман Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ таҷлил мешавад, ки ин мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо мебошад.
АМИТ «Ховар»: Имсол дар саросари мамлакат 32-солагии Истиқлоли давлатӣ бо шукуҳи хосса ҷашн гирифта шуд. Мулоҳизаҳои Шумо оид ба нақш ва мавқеи мақомоти судии мамлакат ҳамчун яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар раванди бунёд намудан ва таҳким бахшидан ба давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи муосир чӣ гуна аст?
Шермуҳаммад Шоҳиён: Ҳокимияти судӣ яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияти он ба таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат равона шудааст. Бо иҷрои ин рисолати муҳиму муқаддас мақомоти судӣ барои пешрафти ҷомеа ва густариши равандҳои демократӣ ва устувории истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим мебозад. Фаъолияти босамари ҳокимияти судӣ барои пешрафти ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле муҳим буда, эътимоду эҳтироми шаҳрвандонро нисбат ба давлат ва қонун таҳким мебахшад.
Конститутсияи Тоҷикистон моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаҳои онро муқаррар намуда, чунин меъёрро пешбинӣ кардааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Яъне судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақил буда, фаъолияти худро аз номи давлат амалӣ менамоянд ва танҳо ба қонун итоат менамоянд.
Дар ин замина суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид мебошанд: «Ин дигаргуниҳои куллӣ маҳз ба хотири идома бахшидан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ равона гардида, ба талаботи давру замон мувофиқ мебошанд».
Конститутсия муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон буда, аз ин роҳ таъмини онро кафолат медиҳад ва он қабл аз ҳама, дар муқаррар намудани ҳадду марзи салоҳияти рукнҳои давлат ифода меёбад. Аз ин рӯ дар Конститутсия чунин омадааст: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».
Ҳамзамон бо ин, Конститутсия чаҳорчӯбаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуда, ҳангоми зарурати қонунӣ маҳдуд намудани онҳоро низ пешбинӣ менамояд. Бо назардошти ин амри пазируфташуда дар Конститутсия бо назардошти тағйиру иловаҳои охирин чунин омадааст: «Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳати аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Ин меъёри конститутсионӣ татбиқи амалии худро дар фаъолияти ҳаррӯзаи мақомоти судӣ пайдо менамояд, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат маҳз ва танҳо мақомоти судӣ дорои ин ҳуқуқ аст.
Дар заминаи ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999 ва 2003 фаъолияти ҳокимияти судӣ такмил ёфта, муҳлати ваколати судяҳо даҳ сол муқаррар гардид.
Яке аз падидаҳои муҳими демократие, ки дар конститутсияҳои аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба чашм мерасад ва дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ он инъикоси худро пайдо намудааст, ин ғояи таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ маҳсуб мешавад, зеро барои аз ҷониби тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мустақилона, бе дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ба амал баровардани салоҳияти худ кафолати қонунӣ муқаррар шудааст. Вобаста ба ин муқаррарот боби 8-уми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар намудааст.
Қабули Конститутсия ва дастгирии пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ба раванди ислоҳоти судӣ, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ оғоз гардида буд, такони нав бахшид ва асоси ин ислоҳот тақвияти ҳокимияти судӣ, ҷараёни демократикунонии мурофиаи судӣ ва дар ин замина куллан тағйир додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад.
АМИТ «Ховар»: Дар замони Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати рушд ва таҳкими ҳокимияти судӣ кадом барномаҳо қабул шуданд? Амалӣ шудани ин барномаҳои ҳуқуқӣ дар кадом сатҳ қарор дорад ва чӣ натиҷаҳо доданд?
Шермуҳаммад Шоҳиён: Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои ҳамаҷонибаи вазифаҳои конститутсионии худ, такмил ва тақвияти сохтори судӣ, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, чор Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ таҳия ва амалӣ шуданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи ниҳоди судӣ мусоидат хоҳад намуд.
Аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат бобати таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои ҳамаҷонибаи вазифаҳои конститутсионии худ, такмил ва тақвияти сохтори судӣ, бехдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2006 Барномаи якуми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ таҳия ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 тасдиқ гардид.
Тибқи ин Барнома бобати амалӣ намудани ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ маҷмуи чорабиниҳо амалӣ шуданд. Аз ҷумла, салоҳияти Суди конститутсионӣ барои боз ҳам пурра ва самаранок истифода бурдани назорати судии конститутсионӣ такмил дода шуда, дар асоси Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ қисми зиёди ваколатҳои амрдиҳӣ доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, гӯш ва сабт намудани гуфтугӯи телефонӣ, муваққатан аз вазифа дур намудан ва ғайраҳо ба салоҳияти суд вогузор карда шуданд. Ба ин васила ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шахсони таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарордошта таъмин мешавад.
Бо мақсади идома бахшидан ба ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар мамлакат дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010 Барномаи нави ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2013 таҳия гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 тасдиқ шуд.
Ин санади ҳуқуқӣ низ ба таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, ки вазифаи асосии он аз таъмини ҳифзи ҳуқуқ, адолати иҷтимоӣ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонуният иборат мебошад, нигаронида шуда, дар асоси он лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» таҳия шуда, Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав), инчунин Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул ва якчанд тадбирҳои дигари зарурӣ амалӣ шуданд, ки ба боз ҳам инкишоф ёфтани ниҳоди судӣ мусоидат менамоянд.
Инчунин бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои 2015 ва 2019 барномаҳои нави ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015- 2017 ва 2019-2021 тасдиқ шуданд, ки дар такмили бештар ва рушду инкишофи ҳокимияти судӣ нақши муосир гузоштанд.
Дар асоси Барномаи чоруми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ соли 2021 аввалин маротиба Қонуни нав «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» қабул гардид, ки он асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба он танзим менамояд.
АМИТ «Ховар»: Оё метавон бо боварӣ изҳор намуд, ки мақомоти судии мамлакат дар ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шахс пурра мустақил ҳастанд ва бо тамоми шароити зарурӣ таъмин буда, барои онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд?
Шермуҳаммад Шоҳиён: Имрӯз дар Тоҷикистон адолати судӣ аз тарафи Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар шакли мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси принсипҳои мустақилияти судяҳо, ошкоро будани муҳокимаи судӣ, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо ва ғайра ба амал бароварда мешаванд.
Мутобиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, адолати судӣ дар асоси баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва суд қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил, молу мулк ва ҳолатҳои дигар амалӣ мегардад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба мисли шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳуқуқи ҳифзи судӣ баробар истифода мебаранд.
Суд мустақилият, беғаразӣ ва холисии худро нигоҳ дошта, роҳбарии мурофиаро таъмин менамояд. Суд ҳуқуқ надорад, ки ба яке аз тарафҳо имтиёз дода, ҳуқуқҳои тарафи дигарро маҳдуд намояд. Ин меъёрҳо ба моддаи 7-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар хусуси баробарии ҳама дар назди қонун ва бе ҳеҷ як тафовут ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон пурра мувофиқат менамоянд. Моддаи 87 Конститутсия муқаррар намудааст, ки «судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст». Муқаррароти мазкур амалу фаъолияти суд ва судяҳо, мустақилияти онҳо ва имконияти пурраю беғаразонаи баамалбарории адолати судиро таъмин менамояд.
Принсипи мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, ба таъмини фаъолияти суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда таъсис дода шудааст, равона гардидааст. Инчунин мустақилияти судяҳо ба татбиқи принсипи баамалбарории адолати судӣ аз ҷониби судяҳо асос меёбад.
Принсипи конститутсионии ба таври мубоҳиса гузаронидани мурофиаи судӣ маънои онро дорад, ки тарафҳо ҳуқуқи баробарии дар қонунҳои мурофиавӣ нишондодаро оид ба шинос шудан бо маводи парванда, изҳори дархост, пешниҳод намудани далелҳо ва дар муҳокимаву таҳқиқи онҳо иштирок варзидан, истифодаи ёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуқуқҳоро кафолат медиҳад.
Суд мустақилият, беғаразӣ ва холисии худро дар ҳама ҳолат нигоҳ дошта, роҳбарии мурофиаро таъмин менамояд. Ба шахсони иштирокчии парванда дар татбиқи ҳуқуқҳои мурофиавиашон мусоидат намуда, барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо, муқаррар намудани ҳолатҳои воқеӣ ва истифодаи дурусти қонунҳо ҳангоми ҳалли парвандаҳо шароит фароҳам меоварад.
Принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ аз моддаи 10 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаи 14 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва моддаи 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Чунин баррасии ошкорои парвандаҳо ва шаффофияти фаъолияти судҳо аҳамияти тарбиявӣ дошта, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат намуда, муносибати шаҳрвандонро ба ҳокимияти судӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ беҳтар мегардонад.
Мурофиа бо забони давлатӣ ё ба забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор гардида, дар сурати забони мурофиаро надонистани шахсон онҳо бо тарҷумон таъмин мешаванд. Ба ин васила Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини риояи ҳуқуқи инсону шаҳрвандро бобати аз забони модарӣ озодона истифода бурдан кафолат додааст.
Дар маҷмуъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули ҳокимияти судӣ, ки пояи устувори марказии давлатдории демократӣ маҳсуб мешавад, мусоидат намуда, дар заминаи он ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ гузаронида шуда, то ба имрӯз вазъи таъмини ташкилӣ, молиявӣ, моддию техникии судҳо ба таври назаррас беҳтар гардида, тавассути мукаммал гардидани якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ нақши ҳокимияти судӣ дар баамалбарории адолати судӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ боз ҳам муассир гардид.
АМИТ «Ховар»: Дар даврони Истиқлоли давлатӣ даҳҳо биноҳои нави маъмурӣ барои мақомоти судӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо бунёд шуданд. Оид ба ин бунёдкориҳо ва ҳамчунин оид ба омода намудани кадрҳои миллӣ дар мақомоти судии мамлакат маълумот медодед.
Шермуҳаммад Шоҳиён: Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат бо назардошти аҳамияти бузурги нақши мақомоти судӣ дар кори мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуку манфиатҳои шаҳрвандон дар тамоми давраи Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ба фаъолияти мақомоти судӣ диққати махсус медиҳанд.
Мояи қаноатмандӣ аст, ки бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол таъмини шароити моддию техникии судҳо ва вазъи иҷтимоии судяҳо беҳтар гардида истодааст. Соли 2016 бо иштироки Сарвари давлат бинои нави суди ноҳияи Сангвор, моҳи августи соли 2019 бинои суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, моҳҳои май ва сентябри соли 2020 биноҳои судҳои ноҳияҳои Данғара ва Дарвоз ба истифода дода шуданд. Қаблан биноҳои маъмурии судҳои ноҳияҳои Шаҳристон, Нуробод, Тоҷикобод, Варзоб, Балҷувон, Восеъ, Ш. Шоҳин ва Кӯшониён аз нав сохта ва бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида, ба истифода дода шуданд. Айни ҳол сохтмони бинои нави шонздаҳошёна бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ, таъмини тамоми шароити корӣ барои Суди Олӣ, ки соли 2018 аз ҷониби Сарвари давлат барои сохтмони он санги асос гузошта шуд, идома дорад. Дар айни замон сохтмони бинои ҳафтошёна барои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардидааст.
Ҳамзамон дар муддати ду соли охир аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун аксарияти бинои судҳои ҷумҳурӣ пурра таъмир шуданд. Албатта, дар роҳи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ва таъмини моддию техникии судҳо ҳоло масъалаҳое ҳастанд, ки ҳалли худро талаб менамоянд ва дар ин самт роҳбарияти Суди Олӣ тамоми чораҳоро амалӣ менамояд.
Бояд гуфт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 Маркази таълимии судяҳо таъсис дода шуд, ки вазифаи асосиаш тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, коромӯз-судяҳо, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи дониши судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ мебошад. Бо боварии том метавон гуфт, ки таъсиси Маркази таълимии судяҳо чун дигар дастовардҳои низоми судии мамлакат зодаи Истиқлоли давлатӣ мебошад.
АМИТ «Ховар»: Ба Шумо барои чунин суҳбати пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, ба корҳои муҳими давлатиатон баҳри ба амал баровардани адолати судӣ комёбӣ орзу намуда, дар охир бори дигар Шумо ва дар шахсияти Шумо ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои ҷумҳуриро бо иди касбӣ муборакбод мегӯем.
Шермуҳаммад Шоҳиён: Ташаккур. Аз фурсати муносиб истифода намуда, аз номи роҳбарияти Суди Олӣ ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои ҷумҳуриро бо иди касбиашон самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва дар иҷрои муваффақонаи вазифаҳои масъулиятнокашон комёбӣ орзумандам.
Мусоҳиб Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар
АКС: АМИТ «Ховар