«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалӣ доир мегардад

Октябрь 1, 2023 10:54

ДУШАНБЕ, 01.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 5 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе»  баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоишгоҳ муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои ватанию хориҷӣ доир гардида, намоишҳои ҷолибу дидании фарҳангӣ, аксу мусаввараҳо пешниҳод мегарданд.

Маросими ифтитоҳи намоишгоҳ 3 октябр, соати 09:00 мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе  ба ҳукми анъана даромадааст. Ин иқдоми наҷиб аз ҷониби роҳбарияти мамлакат, кулли фарҳангиён ва аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуда, дар таҳкиму густариши равобити фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон бо давлатҳои  бо мо дўсту бародар нақши созгор мегузорад.

Солҳои қаблӣ дар намоишгоҳи мазкур ноширони дохилу хориҷи мамлакат, ба монанди Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии нашриёти «Адиб», Муассисаи давлатии нашриёти «Ирфон», «Нашриёти муосир», Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, Комплекси табъу нашри «Шарқи озод», намояндагони Русия, Ҳиндустон, Туркия, Беларус, Эрон, Қазоқистон иштирок намуда, китобҳои тозанашри худро ба намоиш мегузоштанд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 1, 2023 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд