«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 01.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 5 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар намоишгоҳ муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои ватанию хориҷӣ доир гардида, намоишҳои ҷолибу дидании фарҳангӣ, аксу мусаввараҳо пешниҳод мегарданд.
Маросими ифтитоҳи намоишгоҳ 3 октябр, соати 09:00 мебошад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ба ҳукми анъана даромадааст. Ин иқдоми наҷиб аз ҷониби роҳбарияти мамлакат, кулли фарҳангиён ва аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуда, дар таҳкиму густариши равобити фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон бо давлатҳои бо мо дўсту бародар нақши созгор мегузорад.
Солҳои қаблӣ дар намоишгоҳи мазкур ноширони дохилу хориҷи мамлакат, ба монанди Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии нашриёти «Адиб», Муассисаи давлатии нашриёти «Ирфон», «Нашриёти муосир», Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, Комплекси табъу нашри «Шарқи озод», намояндагони Русия, Ҳиндустон, Туркия, Беларус, Эрон, Қазоқистон иштирок намуда, китобҳои тозанашри худро ба намоиш мегузоштанд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд






