Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар ҷаласаи котибони Шурои амнияти давлатии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷаласаи дуюми котибони Шурои амнияти давлатии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни ҷаласа оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар самтҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин таъмини амнияти иттилоотӣ ва экологӣ табодули ҳамаҷонибаи афкор доир шуд.
Ҷонибҳо вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири онро ба амнияту субот дар минтақа баррасӣ намуданд.
Дар ҳошияи ҷаласа котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода доир ба масъалаҳои рӯзнома маъруза намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






