КУМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА АФҒОНИСТОН. Ин амал бори дигар аз ҷавонмардӣ ва дар қавлу амал як будани Пешвои тоҷикони ҷаҳон дарак медиҳад

Октябрь 18, 2023 15:20

ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, субҳи имрўз бо дастур ва ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони кумаки башардӯстона иборат аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ ба воситаи 130 мошини калонҳаҷми боркашон роҳ ба сӯи Афғонистон пеш гирифт.

Ёдовар мешавем, ки 7 октябри соли равон дар ноҳияҳои шимолу ғарби Ҳироти Афғонистон заминларза ба амал омада, боиси ба ҳалокат расидани зиёда аз 2400 сокинони ин кишвари ҳамсоя гардид.

Тазаккур бояд дод, ки Сарвари тоҷикони олам ҳамеша бо истифода аз минбарҳо ва фурсатҳо дар ҳама ҳамоишҳои байналмилаливу минтақавӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти Афғонистон ва мардуми он ҷалб менамоянд. Аз ҷумла, 19 июли соли равон зимни суханронӣ дар нахустин вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ, ки дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардида буд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор карда буданд: «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон буд ва дар ин мавқеъ устувор мемонад. Мо аз ҳама гуна талошҳои сиёсиву дипломатӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон ва тадбирҳои расонидани кумакҳои гуманитарӣ ба мардуми он ҷонибдорӣ менамоем. Омодаем, ки дар ин ҷода бо кишварҳои арабии Халиҷ ҳамкории созанда дошта бошем».

Сарвари давлати тоҷикон аз кишварҳои арабӣ даъват кардааст, ки барои ҳалли мушкилоти Афғонистон ва расонидани кумакҳои гуманитарӣ ба мардуми Афғонистон бетараф набошанд, чун Тоҷикистон барои ин талошҳо омодаи ҳамкории созанда аст. Дар партави ин суханон равон кардани кумакҳои башардӯстона ба мардуме, ки воқеан ба ин кумакҳо муҳтоҷанд, амали инсондӯстона ва хайрхоҳона дониста мешавад ва дар сухану амал як будани Сарвари давлати тоҷиконро нишон медиҳад.

29 сентябри соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон» бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд. Зимни мулоқот Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон тамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишвар барои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст. Чор бозори наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ кард. Ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот мешавад».

Маврид ёдоварист, ки расонидани кумакҳои башардӯстона аз тарафи Ҳукумати мамлакат, таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аз офати табиӣ зарардида бори аввал нест. Аз ҷумла, 1 декабри соли 2022 бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обҳезиҳои шадид ҳисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, кумаки башардӯстона фиристода шуда буд. Ин кумаки башардӯстона аз маводи ғизоӣ, сузишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушӯйӣ дар ҳаҷми 5000 тонна, аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат буд.

Ҳамчунин моҳи сентябри соли гузашта бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз офатҳои табиӣ зарардидаи Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона иборат аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 дона шифер дар маҷмуъ беш аз 3000 тонна мавод ба маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуда буд.

Моҳи феврали соли равон бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Сурия, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, кумакҳои башардӯстона дар ҳаҷми 50 тонна иборат аз орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ҳамчунин либосу пойафзоли зимистона, рахти хоб, антисептик ва доруворӣ фиристода шуд.

Ҳамчунин ба Ҷумҳурии Туркия низ зимни заминларзаи мудҳиш кумаки башардӯстона расонида шуда, 50 нафар наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ба ин кишвар фиристонида шуданд.

Ин табдирҳо идомаи сиёсати башардӯстонаи хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар рӯзҳои душвору вазъи мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дастгиру кумакрасони давлат ва мардуми дӯсту бародари кишварҳои ҳамсоя мебошанд.

Акрам Сангзода,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2023 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент