ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. Имрӯз «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо «Персеполис»-и Эрон бозӣ менамояд

Октябрь 24, 2023 13:41

ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Теҳрон бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» байни дастаҳои «Персеполис»-и Эрон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бозӣ дар варзишгоҳи «Озодӣ» баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Пахши мустақими бозиро мухлисони футбол метавонанд тавассути шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» тамошо намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври якум «Истиқлол» ба муқобили «Ал-Дуҳайл» бозиро мусовӣ (0:0) анҷом дода, дар даври дуюм аз «Ал-Наср» бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст хӯрд.

Ҳоло пас аз ду давр «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо 6 имтиёз пешсаф аст. «Персеполис» бо 3 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. «Ал-Дуҳайл» ва «Истиқлол» бо 1-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои охир мавқеъ гирифтаанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 24, 2023 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд