Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор ба фасли зимистон омода мебошанд
ҲИСОР, 15.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбин ва Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор нақшаҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ пурра иҷро гардид. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.
Директори Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор Умар Акрамзода иброз намуд, ки «дар айни замон дар муассиса 242 нафар беморони руҳию маъюб зиндагӣ намуда, ба онҳо 122 нафар кормандон ба таври шабонарӯзӣ мувофиқи басти корӣ хизмат мерасонанд. Ин табақаи ниёзманди аҳолӣ зери назорати махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мо барои бо гармӣ таъмин намудани ҳуҷраҳои онҳо 84 тонна ангишт, 50 куб ҳезум ва 300 литр сӯзишвории дизелӣ захира намудаем. Инчунин як генератори барқдиҳанда, 20 гармкунаки барқӣ ва 6 печкаи аловӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Муассиса бо хатти доимии озодӣ барқ таъмин аст, ки қувваи барқи он хомӯш намегардад. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки мо ба давраи зимистони имсола омода буда, 242 нафар беморонро бо ҷои гарму хӯрокҳои лазиз таъмин намуда, ба онҳо дар сатҳи баланд хизмат мерасонем».
Дар анборҳои Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор барои се вақт бо хӯроки гарм таъмин намудани беморон 6500 кг картошка, 2000 кг пиёз, 11 тонна орд, 700 литр равған, 600 кг биринҷ, 700 кг шакар ва 1650 банка шарбати меваю шакароб ва бодирингу қайлаи помидор захира шудааст. Дар назди Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор хоҷагии ёрирасон бо масоҳати зиёда аз 15 гектар замин мавҷуд аст, ки дар натиҷаи самаранок истифода намудани замини он соли равон ба маблағи умумии 131 ҳазору 537 сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид.
Тибқи иттилои масъулини Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор, дар ин ду муассиса то имрӯз 100 тонна ангишт ва 50 куб ҳезум захира гардидааст. Ҳоло синфхонаҳо ва утоқҳои хоби кӯдакон бо гармӣ таъмин мебошанд. Аз маълумоти масъулини ин муассиса бармеояд, ки барои бо гармӣ таъмин намудани ҳуҷраҳои хобу синфхонаҳои бошандагон ду дегхона, 35 гармкунаки барқӣ ва 11 печкаи аловӣ омода мебошанд. Ҳамчунин барои дар фасли зимистон сари вақт бо хӯроки гарм таъмин намудани кӯдакони эҳтиёҷманд тамоми тадбирҳо андешида шуда, ҳоло дар ин самт ягон мушкилӣ вуҷуд надорад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






