«МАЛАКАИ РОҲБАРӢ». Дар Душанбе даври ғайринақшавии такмили ихтисос оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сардорон (мудирон), сармутахассисон, мутахассисони пешбар, мутахассисони шуъба (бахш)-и кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯйи барномаи «Малакаи роҳбарӣ» даври ғайринақшавии такмили ихтисос оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ифтитоҳи машғулият роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия ва шунавандагони давр иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи машғулияти такмили ихтисос иштирокчиён вобаста ба мақому манзалат ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумату давлати мамлакат ба занон сухан гуфтанд.
Бо дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо намуда, дар тамоми соҳаҳо фаъолияти назаррас доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати занону духтаронро қадр ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати онҳоро пайваста дастгирӣ менамоянд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






