Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Институти байналхалқии тадқиқотии Исломобод ҳамкории муштаракро амалӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Марказ Хайриддин Усмонзода бо намояндаи Институти байналхалқии тадқиқотии Донишкадаи мусалмонӣ (Исломобод) Асиф Танвир Аван баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо оид ба ҳамкории муштарак ва тавсеаи робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ табодули назар намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти ин марказ хабар медиҳад.
Дар мулоқот иброз шуд, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамчун ниҳоди таҳлилӣ ва машваратӣ масъалаҳои мубрам ва стратегиро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор медиҳад. Марказ ҳангоми пешбурди фаъолияти худ бо марказҳои зеҳнии давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, дар чаҳорчӯби равобити дуҷониба ҳамоишу конфронсҳои муштарак баргузор менамояд. Инчунин бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкории фарогир амалӣ менамояд.
Дар доираи ҳамкории марказ бо ниҳодҳои дигари зеҳнии минтақа ва ҷаҳон пайгирӣ ва баррасии мавзуъҳои ҳифзи суботи сиёсӣ, таъмини амнияти миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, коркарди воситаҳои муосири пешгирӣ ва бартарафсозии хатару таҳдидҳои муосир мақоми афзалиятнокро соҳиб мебошанд.
Тазаккур дода шуд, ки чанд соли охир муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон тақвият меёбад. Тоҷикистон ва Покистон дар самтҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, амниятӣ, энергетикӣ ва ғайра ҳамкории фаъол доранд. Муносибатҳои мутақобилан судманди дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон марҳила ба марҳила тақвият меёбанд, ки дар ин раванд нақши Роҳбарони олии ҳарду давлат хеле бузург аст.
Намояндаи Институти байналхалқии тадқиқотии Донишкадаи мусалмонӣ (Исломобод) аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки Институти байналхалқии тадқиқотии Донишкадаи мусалмонӣ (Исломобод) ниҳоди таҳлилии ғайриҳукуматӣ, ғайрисиёсӣ ва ғайритиҷоратӣ мебошад, ки ба пешбурди сулҳ, субот, шукуфоӣ ва роҳбарӣ дар ҷаҳони мусулмон машғул аст. Институт муҳаққиқон, зиёиён ва сиёсатмадоронро барои таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаҳои мавҷудаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ муттаҳид менамояд.
Ҳамзамон намояндаи Институт пешниҳод намуд, ки ҷонибдори табодули таҷриба, баргузор намудани конфронсҳо ва ҳамоишҳои муштарак бо ин Марказ мебошанд.
Изҳори хоҳиш шуд, ки байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Институти байналхалқии тадқиқотии Донишкадаи мусалмонӣ (Исломобод) Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад. Директори Марказ пешниҳодҳоро муҳим ва ба нафъи равобити дуҷонибаи илмӣ – таҳлилии ду давлат маънидод намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






