МегаФон Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Артемий Лебедев мулоқоти озод доир менамояд

Октябрь 19, 2023 15:32

ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр яке аз дизайнерони  маъруфи Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, блогер  бо миллионҳо тамошобин ва соҳибкори муваффақ Артемий Лебедев бори нахуст  бо намояндагони самтҳои   тиҷоратии Тоҷикистон мулоқот менамояд.  Вай аз асрори пешбурди тиҷорат ҳарф зада,  ба саволҳои меҳмонон дар шакли муколамаи мустақим ҷавоб  медиҳад. Чорабинии мазкурро ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ташкил менамояд.

Артемий Лебедев «марди бренд» ба ҳисоб рафта,   берун аз ҳудуди Русия низ шуҳрат дорад.   Студияи ӯ ҳазорҳо лоиҳаи барҷаста дошта, аз тарҳи рамзи Москва то намои  мактабҳои русзабони Тоҷикистонро фаро мегирад. Чӣ гуна бояд тиҷорати муваффақро   дар асоси кашфиёти эҷодӣ бунёд намуд, чӣ тавр метавонем  ба шахси дорои  нуфузу эътибори хос ва қобили таваҷҷуҳи  доираи васеи шунавандагон  табдил ёбем,  чӣ гуна бояд бо мизоҷони  хусусӣ ва давлатӣ гуфтушунид намуд –хуллас Артемий оид ба ҳамаи ин  дар вохӯрие, ки дар  толори  Кохи Суруш баргузор мегардад,  сухан мегӯяд.

«Ба мо  ҷасорати эҷодӣ ва дилбастагӣ ба навовариҳо, ки ба  Артемий Лебедев хос ҳастанд, наздик мебошанд.  Вай медонад, ки чӣ гуна метавонем истеъдоди худро ҳам «рақамӣ» намоем ва ҳам ба манбаи фоида табдил диҳем.  Аз ин рӯ, боварӣ дорам, ки суҳбат  бо ӯ ба ҳар иштирокчӣ  илҳом бахшида,  барои дарки беруншавӣ  аз доираҳои муқаррарӣ ва ба даст овардани муваффақияти бештар кумак менамояд.  Бо камоли итминон гуфа метавонам, ки мо як чорабинии барои Тоҷикистон ҷолибу нодирро   интизорем», – мегӯяд директори иҷроияи ширкати   «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.

Чиптаҳоро барои вохӯрӣ бо Артемий Лебедев тавассути замимаи  мобилии «МегаФон Life»  дар қисми  «Таблиғот», тариқи  интихоби  чорабинии  «HiBrand Tajikistan 2023»  харида метавонед.   Нархи чипта  – 200 сомонӣ.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Октябрь 19, 2023 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад