Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи VIII сатҳи баланди Алянси авруосиёии омбудсменҳо иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 октябр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҷаласаи VIII сатҳи баланди Алянси авруосиёии омбудсменҳо, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар мавзуи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар самти саломатӣ ва ёрии тиббӣ» доир гардид, иштирок ва маъруза намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор хабар доданд.
Ҳамзамон намояндаи Тоҷикистон дар кори Конфронси VII байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масоили ҳимояи ҳуқуқи инсон: мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин байни омбудсменҳо» иштирок намуд.
Дар кори конфронс имсол ба ғайр аз аъзои доимии ААО (ЕАО) Арманистон, Тоҷикистон Эрон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Русия ва Сербия омбудсменҳои Озарбойҷон, Туркманистон, Туркия, Мали, Малави, Баҳрайн, Никарагуа, Ҳабашистон, намояндагон аз Беларус, дар маҷмуъ 37 намояндаи омбудсменҳои давлатҳои хориҷӣ иштирок доштанд.
Дар оғози ҷаласаи сатҳи баланди Алянси авруосиёии омбудсменҳо 17 октябр муроҷиатномаҳои Президенти Федератсияи Русия, Вазири корҳои хориҷӣ ва Вазири тандурустии Федратсияи Русия ба ҳамагон ва иштироккунандагони ҷаласа расонида шуд.
Дар ҷаласаи сатҳи баланд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар самти саломатӣ ва ёрии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, доир ба масъалаҳои мубрами таъмини ҳуқуқ ба саломатӣ ва расонидани кумаки тиббӣ, инчунин татбиқи чораҳо дар сатҳи давлатӣ оид ба таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.
Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини ҳифзи саломатӣ ва расонидани ёрии тиббӣ заминаи мукаммали қонунгузорӣ ташаккул ёфтааст. Якчанд барномаҳои давлатӣ ва стандартҳои ҳуқуқӣ барои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ ба саломатӣ дар сатҳи давлатӣ ва минтақавӣ аллакай таҳия шудаанд.
Зимни баргузории ҷаласаи сатҳи баланди Алянси авруосиёии омбудсменҳо ва Конфронси байналмилалӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омбудсменҳои давлатҳои иштирокдор вохӯриҳои дуҷонибаи судманд анҷом дод, ки дар ҷараёни он масъалаҳои вазъи ҳуқуқии инсон дар шароити имрӯза, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуданд. Инчунин дар доираи мулоқотҳои мазкур масъалаҳои асосии ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Омбудсмени ин давлатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?






