Нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон 8,2 фисад афзоиш ёфтааст

Октябрь 17, 2023 14:51

ДУШАНБЕ, 17.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва бо истифода аз захираю имконияти мавҷуда дар вилояти Хатлон натиҷаҳои рушди минтақавӣ 8,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Хатлон хабар доданд.

Дар 9 моҳи соли равон нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 23 миллиарду 655,9 миллион сомонӣ расид, ки дар маҷмуи нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуддати рушди иқтисодӣ 26,3%-и ҳиссаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Дар ин давра нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,6% таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 745,2 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 60,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Саҳми шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон, Данғара, Дӯстӣ, Шаҳритус ва Восеъ дар иҷрои нақшаи андозҳо чашмрас мебошад. Масъулини ин шаҳру ноҳияҳо нақшаи қисми даромади буҷетро сари вақт таъмин ва маблағҳои барзиёди буҷетро барои хуррамгардонию боз ҳам зебо гардонидани симои шаҳраку деҳот, сохтмону таҷдиди роҳҳо, чароғонкунӣ ва дигар ободкориҳо равона намудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Хатлон

Октябрь 17, 2023 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд