Ноҳияи Спитамен ғолиби бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 октябр дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарияти вилоят ва намояндагони касбу кори гуногун ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ доир гардид, ки дар он ноҳияҳои ғолиб муайян шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Таъкид карда шуд, ки дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 4 сентябри соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахтаи соли 2023» 1 октябр бистрӯзаи якуми мусобиқа байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ шуданд.
Инак бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ ҷамъбаст гардид.
Дар бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ ноҳияи Спитамен ғолиб гардид. Кишоварзони ноҳия то имрӯз 9733,5 тонна пахта истеҳсол намудаанд, ки ба 66,4 дарсади нақша баробар аст. Ҷойи дуюмро заркорони ноҳияи Ашт соҳиб шуданд. Дар ноҳияи Ашт 11439 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 80,5 дарсади нақша баробар мебошад. Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дар бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ беҳтарин ҷамоат дониста шуд.
Дар байни механизаторон Мирмаҳмад Сафаров — механизатор аз хоҷагии деҳқонии «Меъроҷ»-и деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод, ки дар мавсими имсола беш аз 60 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ намудааст, ғолиби мусобиқа ва «Механизатори беҳтарин» дониста шуд.
Бояд гуфт, ки дар ин давра деҳқонони ботаҷрибаи хоҷагиҳои «Абдуқаҳҳор»-и ноҳияи Ашт, Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Бобо Ибод»-и ноҳияи Зафаробод, «Сангин Қуддус»-и ноҳияи Мастчоҳ,«Сазовор»-и шаҳри Конибодом, «Шаҳриёри Спитамен»-и ноҳияи Спитамен, «Ҳоҷӣ Ҳотамбек»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дар маҷмуъ дар миқёси вилоят беш аз 8000 хоҷагӣ марраро фатҳ намуда, исбот намуданд, ки ташкили дурусти кор, риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва сари вақт ҷалб намудани қувваҳо гарави муваффақият мебошад.
Раиси вилоят ғолибони мусобиқаи меҳнатиро табрик гуфта, ба раисони навоҳии пахтакор дастур дод, ки саҳмдорону аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳашарчиёнро ҳавасманд созанд, то дар ҷамъоварии саривақтии ҳосили фаровони пахта фаъолона иштирок намоянд.
Пахтакорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими иқтисодии вилоят ба шумор рафта, рушди минбаъдаи он ба таъмини корхонаҳо бо ашёи хоми ватанӣ, зиёд гардидани ҳаҷми содирот, воридоти асъори хориҷӣ ва таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Расиси вилояти Суғд








Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид






