ОБ БАРОИ ҲАЁТ. ОБ БАРОИ ҒИЗО. ҲЕҶ КАС НАБОЯД БЕТАВАҶҶУҲ МОНАД. Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ғизо фестивали муштарак доир шуд

Октябрь 21, 2023 13:59

ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ғизо аз ҷониби Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид (WFP) ва Институти иҷтимоӣ ва саноатии ғизои ҷамъиятӣ (SIFI) фестивали муштарак баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Фестивал намояндагони ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла  академияҳо, созмонҳои маҳаллию байналмилалӣ ва гурӯҳи ҷавононро барои табодули таҷриба ва намоиши таҷрибаҳои беҳтарин дар бахшҳои кишоварзӣ ва об муттаҳид менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешбарандаи масъалаҳои об дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуда, ба ташаббус ва иқдоми он эътимоду боварии комил дорад.

Аз ҷумла, 1 сентябр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатъномаи «Пайгирии натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба фарогирии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерландия ва Ҷумҳурии Сенегал пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати соли 2028 дар Тоҷикистон баргузор намудани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба арзёбии фарогири ниҳоии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018- 2028 пазируфт.

Бояд хотиррасон намуд, ки бори нахуст ин ташаббус аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат зимни Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (22-24 марти 2023 дар Ню-Йорк) садо дода буд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон  тақрибан 60 дарсади захираҳои оби дарёҳои Осиёи Марказиро дошта, ин манбаи ҳаётан муҳимро бо ҷумҳуриҳои  ҳамсоя одилона тақсим менамояд.

Илова гардид, ки имрӯз дар минтақа ҳамкорӣ дар соҳаи об дар пасманзари таъсири афзояндаи омилҳо, ба мисли тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ аҳамияти бештар пайдо менамояд.

Дар ҷараёни фестивал таваҷҷуҳи иштирокчиён ба ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ва таҳдиди афзояндаи гармшавии глобалӣ ҷалб шуда, таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воқеияти тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он барои амнияти озуқаворӣ хуб воқиф буда, кӯшиши худро барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона месозад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ диққати бештар дода, дар робита ба ин ҷараёни ислоҳотро дар бахши кишоварзӣ бо таваҷҷуҳ ба коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим идома медиҳанд.

Аз ҷумла, дар Тоҷикистон  «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва «Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» қабул гардидаанд, ки самти асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат бо меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва зимни сафарҳо ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба масъулини соҳаҳои кишоварзӣ оид ба зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, васеъ намудани майдони киштзор ва боғу токзор супориш ва дастурҳои мушаххас медиҳанд. Аз ин рӯ, барои амнияти озуқавории мамлакат ва бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, тамоми кишоварзон ва ҳар оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, бо ҳамин роҳ гирифтани то се-чор ҳосил ва захира намудани озуқавориро дар ҳар оила таъмин намоянд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ намудани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуда буд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 21, 2023 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»