ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар маҳаллаи 16-уми шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунии кӯчаи асосӣ оғоз шуданд

Октябрь 25, 2023 18:29

ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии роҳҳо идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Имсол бо оғози маъракаи мумфаршкунӣ якчанд кӯчаи шаҳри Хуҷанд ва дохили маҳаллаҳо бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ ва соҳибкорони ватандӯст мумфарш гардиданд.

Дар ин раванд имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи асосии маҳаллаи  16-уми шаҳри Хуҷанд оғоз бахшида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин кӯча бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ, аз ҷумла моликони ширкатҳои «Тоҷсохтмон», «Фаровон» ва «Шишакор» дар масоҳати беш аз 6500 метри мураббаъ пурра мумфарш мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Октябрь 25, 2023 18:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд