Офатҳои шадиди табиӣ ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор медиҳанд, ки оид ба коҳиши ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ тадбирҳои муассир андешанд

Октябрь 13, 2023 13:31

ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Соли равон бар асари офатҳои табиӣ, боронҳои пуршиддат ва омадани сел дар ҷамоатҳои деҳоти «Сомон», «Мирзо Ризо», «Хонақоҳи Кӯҳӣ» ва «Алмосӣ»-и шаҳри Ҳисор дар маҷмуъ беш аз 1 миллиону 345 ҳазор сомонӣ хисорот ворид гардид», гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ҳисор Мутриб Шоназаров.

Имрӯз дар тақвим чун Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ сабт гардидааст. Ин сана дар асоси қатъномаи A/RES/73/231 Ассамблеяи генералии СММ таъсис дода шуда, ҳадафаш баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи чӣ гуна андешидани тадбирҳо ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад.

Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд

Тоҷикистон сарзамини кӯҳистон буда, дар фаслҳои гуногуни сол ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ- зилзила, обхезӣ, сел, ярч -кӯчиши замин, тармафароӣ ва сангрезӣ рух медиҳанд. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ офатҳои табиӣ ба маҳалҳои аҳолинишин таъсири ҷиддӣ расонида, боиси фавти одамон, харобшавии инфрасохтори хизматрасонӣ ва хисороти ҷиддӣ гардида, ба рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии мамлакат таъсир мерасонад.

Тоҷикистон Стратегияи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табииро қабул намудааст

Қабул ва амалисозии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030», ки соли 2018 бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардид, барои Тоҷикистон иқдоми муҳим мебошад. Стратегия бо назардошти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мутобиқи муносибати нави ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ки дар «Барномаи қолабии Сендай оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030» ва «Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030» баён шудаанд, таҳия гардидааст. Ҳадафи Стратегия- паст намудани хавфи ҷойдошта ва пешгирии хатари нави офатҳои табиӣ бар асоси таҳкими иқтидори миллӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ мебошад.

Имсол дар Ҳисор ду ҳолати фавқулодаи табиӣ рух дод

Мутриб Шоназаров афзуд, ки дар ин давра дар шаҳри Ҳисор ду ҳолати фавқулодаи табиӣ- омадани сел бар асари боридани жола ва боронҳои пуршиддат дар моҳҳои апрел ва август ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи боронҳои пуршиддати 27 август ва омадани сел дар Ҷамоати деҳоти «Сомон»- деҳаҳои Шӯроби Искандар, Шӯроби Афғон, Гулрез, Ҷамоати деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ» -деҳаҳои Меҳргон ва Арбобӣ, Ҷамоати деҳоти «Мирзо Ризо»- деҳаҳои Хоҷачилдиёри Боло, Тӯда ва Тӯдаи Боло, Ҷамоати деҳоти «Дурбат»- деҳаи Зартеппа, Ҷамоати деҳоти «Алмосӣ»- деҳаҳои Курпаӣ, Ҷиргинак, Дарозӣ, Ҳофизкада, Лойоб, Бобосурхон ва Ободдара ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид гардид.

Хисорот аз офатҳои табиӣ- 1,3 миллион сомонӣ

Дар натиҷаи бориш ва омадани сел ба 37 манзили истиқоматӣ обу гил ворид гардида, ба 24 иншооти ёрирасон зарари табиӣ расид, 77 қитъаи замини наздиҳавлигиро селоба зер намуда, 700 метр роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе-Ҳисор-Турсунзода, 1500 метр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор-Алмосӣ ва 4000 метр роҳи дохили деҳавии Сурхачашмаи Болои Ҷамоати деҳоти «Мирзо

Ризо» ва ба се нақлиёти сабукрави шаҳрвандон зарар расид. Ҳамзамон аз офатҳои табиӣ 2,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 0,7 км хатҳои обёрӣ ва каналҳо, 0,5 км иншооти селпарто ва 2,3 км сарбандҳо зарар дида, 23 сар чорвои шохдори майдаи сокинон талаф ёфт. Дар маҷмуъ, зарари аз офати табиӣ расида беш аз 1,3 миллион сомониро ташкил дод.

Ҳолати фавқулодаи табиӣ сари вақт бартараф гардид

Барои бартараф намудани ҳолати фавқулодаи табиӣ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ду тонна сӯзишвории дизелӣ дастрас шуда, бо ҷалби қариб 30 техникаи муҳандисӣ ва борбардор ҳолати фавқулодаи табиӣ бартараф гардид. Инчунин аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Барномаи озуқаи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид, шахсони саховатманд ба аҳолии ҷамоатҳои деҳоти аз офати табиӣ зарардида кумакҳои моддӣ, аз қабили хӯрокворӣ, маводи гигиенӣ, кӯрпа, болишт ва кампал тақсим шуд.

Дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 10 мавзеи осебпазир мавҷуд аст

Дар шаҳри Ҳисор бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар асоси супоришҳои роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, амри Раиси шаҳри Ҳисор «Дар бораи гузаронидани чорабинии пешгирикунанда аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дар минтақаҳои хавфноки шаҳри Ҳисор», хусусан коҳиши офатҳои табиӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Мутриб Шоназаров иброз намуд, ки дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 10 мавзеи осебпазир мавҷуд буда, онҳо дар Ҷамоати деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ», «Алмосӣ» ва «Мирзо Ризо» сабт гардидаанд. Тибқи нақша, ҳар моҳ дар байни аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони Кумита дар Маркази таълимии мудофиавӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 47 иншооти мудофиаи гражданӣ ҷойгир аст. Инчунин дар Ҷамоатҳои деҳоти «Алмосӣ» ва «Мирзо Ризо» дастгоҳҳои зиддижолавӣ мавҷуд буда, дар ҳолатҳои зарурӣ истифода мешаванд. Ҳамчунин 15 хадамот, аз қабили хадамоти оташнишонӣ, роҳ, барқ, тиббӣ ва ғайра фаъолият доранд, ки ҳангоми сар задани ҳодиса ҳар кадоми он рисолаташро иҷро менамояд.

Фаъолияти бахш ба ду самт нигаронида шудааст

Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ҳисор бо мақсади пешгирӣ ва коҳиши ҳолатҳои фавқулода ҳамкориро бо ниҳодҳои давлатӣ, идораю муассисаҳо ва аҳолӣ тақвият мебахшад. Фаъолияти бахш соли равон ба ду самт –пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, баланд бардоштани маҳорати ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ оид ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ дар зернизомҳои вазифавӣ ва заминаи низоми ягонаи ташкилоту идораҳо, хоҷагиҳо, муассисаҳову ҷамоати деҳоти шаҳр нигаронида шудааст.

Тадбирҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар ин давра аз ҷониби бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ҳисор корҳои мустаҳкамкунии 1 пули селгузар дар ҳудуди деҳаи Шарифободи Ҷамоати деҳоти «Ориён», ки дар ҳолати рахнашавӣ қарор дошт, анҷом дода шуд. Дар деҳаи Обигарми Ҷамоати деҳоти «Навобод» канали Ғурриёт-2, ки солҳои зиёд аз таъсиси об соҳилҳояш рахна шуда буд, ба масофаи 50-70 метр таъмир гардид. Дар дамбаи Гачаки дарёи Хонақоҳ ба масофаи 15 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом ёфтанд. Дар дарғоти селпарто дар канали Янгиобод-3-и деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти «Ҳисор» корҳои бетонхобонӣ доир шуданд. Тавассути дарғоти селпарто дар давраи боронҳои пуршиддат ва пешгирии сел об ба дарёи Хонақоҳ партофта мешавад. Тамои ин корҳо дар асоси амри Раиси шаҳри Ҳисор «Дар бораи гузаронидани чорабинии пешгирикунанда аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дар минтақаҳои хавфноки шаҳри Ҳисор» амалӣ гардидаанд.

СММ ҷомеаи ҷаҳониро даъват менамояд, ки барои маҳви гардиши офатҳои табиӣ иқдом намоянд

Офатҳои табиӣ ҳамасола дар саросари ҷаҳон ба миллионҳо одамон ва иқтисоди давлатҳо хисороти зиёд меоранд, ки хавфи онҳоро тавассути тадбирҳои фаъол ва банақшагирӣ коҳиш додан мумкин аст.

Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ қобилияти одамон ва ҷомеаи ҷаҳонро дар идоракунии хатари офатҳои табиӣ тақвият мебахшад. Сар задани офатҳои табиӣ ба кишварҳое, ки хатари баланди офатҳои табиӣ доранд, инчунин давлатҳое, ки теъдоди бештари аҳолиашон дар зери хати фақр зиндагӣ менамоянд, таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҷомеаи ҷаҳониро даъват менамояд, ки ба шикастани гардиши офатҳои табиӣ ва нобаробарии афзоянда иқдом намоянд.

Илоҷи воқеа- қабл аз вуқуъ

Дар Конфронси сеюми ҷаҳонӣ оид ба коҳиши офатҳои табиӣ таъкид шуд, ки офатҳои табиӣ боиси марг, харобиҳо ва паст гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, пеш аз ҳама, дар сатҳи маҳаллӣ мешаванд. Ҳар сол миллионҳо одамон бар асари офатҳои табиӣ маҷбур мешаванд, ки хонаҳои худро тарк намоянд. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ давлатҳо маҷбур мешаванд, ки маблағҳои ҷудошударо барои ҳалли ҳадафҳои рушди устувор коҳиш диҳанд. Бисёр офатҳои фавқулодаи табиӣ- зилзила, сӯхтор, обхезӣ, сел, ярч, тармафароӣ, сангрезӣ, хуруҷи вулқонҳо дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба амал меоянд. Рух додани зилзилаҳои даҳшатбор дар Туркия, Афғонистон, обхезиҳои шадид дар Либия, Чин, Юнон, сӯхтор дар ҷангалзори Австралия ва дигар кишварҳои қораи сайёра, ки даҳҳо ҳазор одамон фавтидаву маъюб ва миллионҳо нафар бесарпаноҳ монда, ба иқтисоди давлатҳо хисороти зиёд ворид шуд, ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки дар самти пешгирӣ ва коҳиши офатҳои фавқулодаи табиӣ андешидани тадбирҳои муассирро рӯи даст гирифта, дар муносибат бо муҳити зист оқилона муносибат намоянд.

Зеро тавре мегӯянд, «илоҷи воқеа- қабл аз вуқуъ».

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 13, 2023 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон