Дар Душанбе оид ба усулҳои нави ҷамъоварии маълумот дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар мавзуи «Муаррифии Роҳнамо оид ба ҷамъоварии маълумот ва омода намудани гузориши солона дар самти муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз шуд, ки таъсиси ин комиссия ба ҳамоҳангсозии фаъолият байни ниҳодҳои давлатӣ, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ ва бартарафсозии омилҳои монеъшаванда дар раванди мубориза бо савдои одамон равона гардида, дар таҳкими нуфузу эътибори давлат нақши муҳим дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин самт соли 2024 ва имсол дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат конференсияҳо, ҳамоишҳо ва машғулияти такмили ихтисос дар соҳаҳои прокуратура, мақомоти судӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат баргузор карда шуд.
Зимни ҷаласа иштирокчиён доир ба мавзуъҳои «Аҳамияти ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумот ҳамчун воситаи калидӣ барои муқовимат ба савдои одамон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ», «Мушаххасот ва талаботи асосӣ барои пешниҳоди маълумот дар ҳисоботи байналмилалӣ бо назардошти таъмини муқоисашавандагии маълумот» ва ҳамчунин муаррифии «Дастурамал оид ба ҷамъоварии маълумот дар соҳаи муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуданд.
Дар ҷаласа барои беҳтар гардидани фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва ба пешравиҳо ноил гардидан дар самти муқовимат ба савдои одамон аз ҷониби иштирокчиён таклифҳои судманд пешниҳод карда шуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






