Оилаи Шодиевҳо аз ноҳияи Рӯдакӣ дар мавсими даъвати тирамоҳӣ 2 нафар ва дар маҷмуъ 4 фарзанди худро ба хизмати ҳарбӣ равона намудаанд
РӮДАКӢ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавононе, ки ихтиёран барои хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҷалб мешаванд, оилаи Шодиевҳо, ки дар мавсими даъвати тирамоҳӣ 2 нафар ва дар маҷмуъ 4 фарзанди худро ба хизмати Ватан-Модар равона намудаанд, бо туҳфаи молии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ ва «Сипоснома» мукофотонида шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» аз маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ноҳияи мазкур.
2 октябр дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба оғози маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ роҳпаймоӣ ва маросими тантанавии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид. Дар маросими тантанавӣ дар майдони назди муҷассама ҷавонони сарбаланди ноҳияро, ки барои иҷрои қарзи шаҳрвандии хеш ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда буданд, ба хизмати Модар-Ватан гусел намуданд.
Дар ҳамоиш Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода даъватшудагонро ба муносибати оғози хизмати ҳарбӣ самимона табрик намуда, иброз дошт, ки «хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ шараф ва номуси ҷавонмардӣ буда, қарзу фарз ва вазифаю рисолати шаҳрвандӣ ва имонию виҷдонии ҳар фарди соҳибватан маҳсуб мешавад. Хислатҳои мардонагӣ, шуҷоат, далерӣ, ҳушёрӣ, тоқатпазирӣ ва обутоби ҷисмонию руҳӣ маҳз дар давраи хизмат дар сафи Артиш ташаккул ёфта, камолоти физиологӣ ва психологии ҷавонро таъмин менамоянд. Таҷрибаи зиндагӣ низ собит намудааст, ки ҳар касе, ки дар сафи Артиш сарбаландона хизмат мекунад, ҳеҷ вақт дар ҳаёт дучори шикаст намешавад. Ба ибораи дигар, хизмат ба Ватан ҷавонро қавирода ва марди комил мегардонад ва ӯро ба тамоми пастию баландиҳои ҳаёт тоқатпазир месозад».


Дар ин рӯз ба ҷавонони сарбаланди ноҳия, ки даври ронандагиро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд. Минбаъд онҳо дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мутахассис-ронанда хизмат менамоянд.
Дар анҷоми ҳамоиш барои фароғати даъватшудагон барномаи ҷолиби фарҳангӣ иборат аз савту наво ва суруду таронаҳои ватандӯстона манзур гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ










ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






