Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо дар Данғара доир мешавад
ДУШАНБЕ, 03.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4-5 октябр дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара» Мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ байни мардон: 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81 кг, 90 кг, 100 кг, +100 кг ва 3 вазн байни занон: 52 кг, 57 кг ва -63 кг баргузор мегардад.
Дар мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои Русия, Эрон, Узбекистон, Муғулистон ва Қазоқистон иштирок менамоянд.
Ғолибону ҷоизадорон бо медалу ҷоизаҳои пулӣ – ҷои якум- 27 500 сомонӣ, ҷои дуюм- 16 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм- 11000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.
АКС: Маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






