ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Ҳисор барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ бо усули «Хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Занони шаҳри Ҳисор ба мавсими зимистон ҳаматарафа омодагӣ мебинанд. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «Хона ба хона» кормандони шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рафта, бо самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳот, омодагии сокинон ба мавсими зимистон, хусусан захираи маҳсулот барои фасли зимистон шинос шуданд.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор Савриямоҳ Каримова, кадбонуҳо бо истифода аз таҷрибаи модару модаркалонҳо дар деҳот аз заминҳои наздиҳавлӣ ва дар шаҳр бо истифода аз маҳсулоти арзону фаровони бозорҳои шаҳр ба миқдори зиёд банкаҳои хӯришу нӯшобаҳо аз сабзавоту мева, инчунин афшураю мураббои гуногун омода ва барои фасли зимистон захира намудаанд.
Савриямоҳ Каримова гуфт, ки дар деҳот ҳамсояҳо бо навбат ба хонаҳои ҳамдигар меоянд ва корҳои омодаю пухтани хӯриши нӯшобаҳо, афшураю мурабборо байни худ тақсим менамоянд. Онҳо бо маслиҳати занони таҷрибадор даст ба дасти ҳам дода, яке аз амалҳои неки зиндагӣ- сарфаю сариштакориро ҳадафи хеш қарор медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки захира намудани маҳсулоти хӯрокворӣ барои фасли зимистон, хусусан омода намудани хӯришу нӯшобаҳо, афшураю мураббо ва дигар навъи маҳсулот ба мавсими сармо ҳамеша зимни мулоқот ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат таъкид мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор














Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






