ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР МАН НАКУНАМ, КӢ МЕКУНАД?! Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст
ДУШАНБЕ, 14.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо мақсади хизмат ба Ватан-Модар ҷавонони боғайрату шуҷоъ ва дорои ҳисси масъулиятшиносии баланд ба сафи Артиши миллии Тоҷикистон мепайванданд. Мо ҳам аз шуҷоату мардонагии ҷавонони Ватан умеди зиёд дорем. Маҳз дар натиҷаи фидокориҳо ва шабзиндадориҳои сарбозони шуҷои миллат имрӯзҳо сарҳад ором аст ва мо низ ором мехобем. Чун амнияту субот дар мамлакати мо вуҷуд дорад, дар нимашаб низ ҳар самте хоҳем, равуо менамоем. Мутмаинем, ки ҷавонони бо нангу номуси ҷумҳурӣ қудрати ҷавонии худро истифода бурда, Ватани азизамонро бо ҷону дил ҳимоят менамоянд. Чунин изҳори назар намуд ба АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии ҷумҳурӣ Умед Пудинаев.
Дар зер андешаҳои мавсуфро дар робита ба содиқ будан ба Ватан ва қарзи ватандорӣ шуморидани хизмат дар сафи Артиши миллиро пешниҳоди хонандагон менамоем.
— Хизмат дар сафи Артиш, ҳимояи марзу буми Ватан ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар фарди баору номус ва ватандӯст буда, ин рисолат то абад боқӣ хоҳад монад. Аз таърих ва осори гузаштагон медонем, ки ба сафи Артиш танҳо ҷавонони ғаюру шуҷоатманд ҷалб мешуданд ва ин анъана имрӯз ҳам тавре мебинем, давом дорад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили 25-солагии таъсиси Артиши миллӣ иброз намуда буданд, «ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан боварӣ дорам ва аз онҳо ифтихор менамоям. Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо менамоянд».
Тавре мебинем ва масъулин ҳам арз медоранд, тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, онҳо мисли солҳои пеш барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Омилҳои пеш аз муҳлат анҷом додани нақшаи даъват дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат, агар аз як тараф, ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Артиши миллӣ вобаста бошанд, аз ҷониби дигар, ин ба зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ рабт дорад. Зеро, дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулин ба ин маъракаи муҳимми сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мардум ҳамкории зич ба роҳ мемонанд, дар чунин минтақаҳо мушкилоти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва монеаҳо кам ба назар мерасанд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидааст, ки «ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд мебошад».
Шоҳиди ҳол ҳам ҳастем, ки иддае аз ҷавонон ба хоҳиши худ, бо машварати дӯстону наздикон ва тавсияи бузургон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд. Имсол ҳам монанди соли гузашта масъулин иттилоъ доданд, ки дар рӯзи аввал нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар баъзе вилояту ноҳияҳо иҷро гардид. Вале як нукта мавриди нигаронӣ қарор дорад, ки бархе аз ҷавонон, мутаассифона, бо ҳар баҳона аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд. Дар ҳоле ки хизмат ба Ватан на танҳо қарзи имониву виҷдонии ҳар ҷавонмарди боғайрати тоҷик, балки нангу номуси ӯ низ ҳаст.
«Ба доно як ишора» гуфтаанд ва бояд ба ҷавонон аз ҷониби мақомоти дахлдори мамлакат дуруст фаҳмонида шавад, ки хизмат дар артиш аслан тарбия ва омӯзиш аст. Чун инсон аз замони наврасӣ то охири ҳаёт эҳтиёҷ ба тарбия дорад. Аз ҷумлаи беҳтарин маконҳо барои тарбияи ҷавонон- ин пайвастан ё хизмат намудан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриамон аст. Чун дар артиш ба ҷавонон сабру таҳаммул, ҷавонмардию вафодорӣ ва хирадмандӣ меомӯзанд. Қавиирода будану дӯстдори ёру диёр будан меомӯзанд. Касбу ҳанару матонату мардонагӣ таълим медиҳанд.
Бояд дарк намуд, ки вафодор будан- ин фидокорӣ ва садоқат ба Ватан аст. Вафодорӣ ба ормонҳои миллӣ, вафодорӣ ба азизону гузаштагон. Садоқат ба худу дигарон. Як ҷавон дар зиндагӣ тавассути фидокорӣ ба Ватан бояд ҷойгоҳи хосса дошта бошад. Ин ҷойгоҳ ба таври ҷудонопазир бо ишқу муҳаббат ва тавоноиву муҳофизати Ватан, ҳатто ҷон фидо кардан дар роҳи Меҳан пайвандӣ дорад.
Дар сафи артиш ба ҷавонони мо муқаддас будани Ватанро меомӯзанд. Вақте мо калимаи Ватанро ба забон меорем, Модар пеши назар меояд, зеро агар модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда бошад, Ватан моро парваридааст. Ватан ба сари мо дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғӯш кушодааст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳову беҳамто аст. Гузашта аз ин дӯстдории Ватан аз гӯшаи имон аст!
Бояд гуфт, ки моҳияти мавзуи ватандӯстӣ дар ҳама давру замон мавзуи калидии ватандорон буду ҳаст, чун бе Ватан башарият оромиш надорад. Бе Ватан будагон сарсону саргардон мебошанд. Масалан, курдҳоро гирем, ки имрӯз шумораи онҳо беш аз 80 миллионро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, онҳо соҳиби давлати мустақил нестанд. Аз ин лиҳоз, соҳиби давлати алоҳида будани тоҷикон саодати бузург аст. Дар бораи нооромиҳои мардуми афғону дигар кишварҳои Шарқ ҷойи ёдоварӣ ҳам нест, чаро ки ҳамарӯза аз тариқи расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ наворҳои даҳшатафкану харобиовар паҳн мешаванд.
Танҳо ақидаи дуруст метавонад андешаи ҷавононро дуруст намояд. Аз овони мактабхонӣ ҷавон бояд нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ маълумоти дақиқ дошта бошад. Дар дарсҳои фаҳмондадиҳӣ нуктаҳои ҳифзи марзу бум ва ватандӯстдорӣ ба наврасон ба роҳ монда шавад. Ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан бояд омода намуд. Ҷавонони моро мебояд бо эҳсоси баланди ватандорӣ ба хизмати Ватан омода бошанд.
Илова бар ин, дар даврони истиқлолияти давлатӣ, хушбахтона, дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми шароити хизмативу майишӣ ва ҳам таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандон имкон доранд дар фазои сулҳу субот ва дар Ватани азизи худ хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намоянд.
Аз ин рӯ, ҷавонон бояд қарзи фарзандии худро дар назди Ватан- Модар иҷро намоянд. Бинобар ин ҳамаи ҷавононро зарур аст, ки аз хизмат саркашӣ накунанд, баръакс барои дифоъ намудани марзу буми миллати куҳанбунёдамон ҳамеша омода бошанд, чунки оромиву осудагии мардуми сарбаланди моро ҷуз мо каси дигар таъмин намуда наметавонад.
АКС: АМИТ «Ховар»/бойгонии муаллиф