Дар шаҳри Гулистон масъалаи бехатарии радиатсионӣ ва идоракунии партовҳои радиоактивӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ баргузор шуд, ки дар он дурнамои лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли масъалаҳои мероси уран дар Осиёи Марказӣ» (марҳилаи III), муҳокима гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти ҷаласа намояндагони мақомоти маҳаллӣ, коршиносон ва мутахассисони Агентӣ вобаста ба татбиқи лоиҳа, дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ояндаи онро муҳокима намуданд.
Марҳилаи сеюми лоиҳа бо мақсади густариши ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва ташаббуси озмоишӣ барои мусоидат ба барқарорсозии минтақаҳои урандор равона шудааст. Лоиҳа ба кам кардани хатарҳои экологӣ ва иҷтимоии марбут ба партовҳои ҷамъшудаи уран, ки аз фаъолиятҳои истихроҷи маъдан дар даврони пеш аз соҳибистиқлолӣ ба вуҷуд омадаанд, нигаронида шудааст.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба пешрафти лоиҳа, мушкилот ва дурнамои барқарорсозии мавзеъҳои мероси уран, бехатарии радиатсионӣ ва идоракунии партовҳои радиоактивӣ баррасӣ шуд.
Инчунин дар рафти ҷаласа ба иштирокчиён дарсҳои амалӣ оид ба истифодаи дозиметрҳо ва нақшаҳои амалие, ки барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар минтақаҳои мақсаднок равона шудаанд, пешниҳод гардид.
Дар хотимаи чорабинӣ масъалаи тақвияти ҳамкорӣ байни ҷонибҳои манфиатдор барои таъмини бехатарии радиатсионӣ ва ҳифзи саломатии сокиноне, ки дар наздикии мавзеъҳои мероси уран зиндагӣ мекунанд, таъкид карда шуд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






